ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантии худро пешниҳод намоянд
ДУШАНБЕ, 01.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2025-ро эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Ҳамасола барои соҳибкорзанон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ тиҷорати худро пеш баранд.
Имсол низ 120 нафар занон имкон доранд аз ин маблағҳои бебозгашт баҳравар гардида, соҳибкории худро рушд диҳанд.
Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа, дар барномаи MS Word бо истифода аз шрифти Times New Roman андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин бо мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод шавад.
Грантҳо ба маблағи 25 000, 30 000, 40 000, 45 000, 50 000 ва 60 000 сомонӣ барои 120 нафар занони соҳибкор ҷудо мегарданд.
Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3 ва ё ба телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 e-mail: info@comwom.tj муроҷиат намоянд.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи чопи эълон оғоз гардида, рӯзи охирини қабул баъд аз 45 рӯзи чопи эълон мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






