Хизматҳои донишманди тоҷик аз ҷониби Бунёди Саъдии Шерозӣ дар Ҳиндустон қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Анҷумани XXXVIII устодони забон ва адабиёти форсии Ҳиндустон, ки 22-24 феврали соли 2025 дар Донишгоҳи Ҷомия Миллия Исломияи шаҳри Деҳлӣ баргузор гардид, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорӣ бо Ҷоизаи Саъдии Шерозӣ сарфароз гардонида шуд.
Ҷоизаи Бунёди Саъдии Шерозиро, ки яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳо барои пажуҳишҳои адабиёти форсизабони Ҳиндустон аст, ба профессори тоҷик дар маросими ботантана Раиси Фарҳангистони Ҷумҳурии Исломии Эрон устод Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, ки ҳамзамон раиси Бунёди Саъдии Шерозӣ мебошад, тақдим намуд. Донишманди тоҷик бо Ҷоизаи Бунёди Саъдии Шерозӣ барои таҳқиқоти пурарзише, ки дар самти пажуҳиши адабиёти форсизабони Ҳиндустон анҷом додааст, сарфароз гардонида шуд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ғаффорӣ аз донишварони мумтоз ва ҳиндшиноси Тоҷикистон аст, ки то кунун чандин китобу рисолаҳои илмӣ ва матнҳои ҷолиби таҳиякардааш аз тарафи олимону донишмандон эътироф шудаю баҳои сазовор гирифтаанд. Ӯ яке аз нахустин олимоне аст, ки баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон асарҳояш дар хориҷи мамлакат нашр шудаю дар муаррифии илми адабиётшиносии Тоҷикистон саҳми муносиб дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






