Иқдоми Пешвои миллат дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ кафили рушди устувори бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя мебошад

ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 чун ҳамеша дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя яке аз масъалаҳои меҳварӣ буд. Дар робита ба ин ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи Директори генералии Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон Нуъмон Абдуғаффорзода ворид гардид, ки пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Бо таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат бахши хусусӣ ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ ва воситаи асосии таъмини ҳадафҳои миллӣ дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” муайян гардидааст.
Дар шароити пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, афзоиши рақобатҳо, татбиқи маҳдудият дар масири интиқоли молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидани тадбирҳои саривақтӣ ба хотири дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ боиси боз ҳам фаъол гардидани бахши хусусӣ ва нақши муассири он дар рушди иқтисодию иҷтимоии давлат хоҳад гашт.
Бахусус бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойи кор ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуда, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба тасвиб расиданд.
Тибқи муқаррарот, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта шуда, баъди анҷоми мораторий ба санҷишҳо фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳо манъ мегардад.
Ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давраи амалӣ гаштани мораторий соҳибкорон неру ва донишу малакаи худро танҳо ба рушди корхона равона намуда, самаранокии фаъолияти худро ҳам дар соҳаи истеҳсолот ва ҳам хизматрасонӣ баланд бардоранд.
Ҳамзамон бо ин кори соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи шаҳодатнома ва патент фаъолият намуда, асосан соҳибкорони хурд мебошанд, беҳтар гардида, амалӣ гаштани мораторий ба фаъолияти онҳо таъсири назарраси мусбат мерасонад.
Дар баробари ин, Сарвари давлат ба мақомоти марбута дастур доданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда чор маротиба — солҳои 2009-2010, 2012-2014, 2019-2020 ва 2022 ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардида буд.
Боиси тазккур аст, ки солҳои охир бо дастгириҳои Пешвои миллат барои рушди босуботи бахши хусусию соҳибкорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи: бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, созишномаи сармоягузорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, инчунин якчанд барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаи чорабиниҳо қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Барои ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шуданд, ки тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ аз дастгириҳои назарраси Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ дарак медиҳанд.
Татбиқи низоми “Равзанаи ягона” барои барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд.
Дар радифи ислоҳоти татбиқшуда барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон шароити озоди рақобат фароҳам оварда шуда, шароити якранги ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқию воқеии дохилӣ ва хориҷӣ таъмин карда шуд.
Дар баробари тадбирҳои амалигашта Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ бо овардани маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираву имконияти мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории мамлакат дар муҳлати се моҳ Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040 таҳия намояд.
Мақсади стратегия- ин фароҳам овардани шароит барои татбиқи бомуваффақияти афзалияти рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, муайян намудани манбаъҳо ва механизмҳои ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, таҳкими неруи саноатӣ, рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳо ва неруи инсонӣ мебошад.
Инчунин баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароит барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ, таъмини воридоти сармоя ба бахшҳои иқтисодиёт, ташаккули афзалияти рақобатпазирӣ барои ҷалби сармоя ва таҳияву татбиқи усулҳои нави ҷалби сармоягузории хориҷӣ аз ҳадафҳои муҳими татбиқи ин стратегия маҳсуб мешаванд.
Зеро, дар замони муосир сармоя яке аз омилҳои муҳими ҷолиб сохтани давлат барои ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, тақвияти истеҳсолоти дохилӣ ва тавсеаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ буда, дар муқоиса бо дигар намуди воситаҳои молиявии ҷалбшаванда сармоя воситаи иловагии маблағгузорӣ дар истеҳсолоти молу хизматрасонӣ, амалан истифода намудани технологияи муосиру ояндадор, ноу-хау, татбиқи усулҳои замонавии идоракунӣ, дарёфти бозори фурӯш, инчунин таъмини гуногуншаклии раванди истеҳсолию хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.
Татбиқи ин стратегия ба васеъ намудани ҷуғрофияи ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва ҳиссаи сармоягузории хусусӣ дар ташаккули Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дорои хусусияти афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ равона карда мешавад.
Масъалаи муҳими дигаре, ки Президенти Тоҷикистон дар Паём иброз намуданд, ин истифодаи соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзи андоз аз фоида ҳангоми бунёди корхонаи нав ба шумор меравад, ки ба андешаи Президенти мамлакат таҷдиди назарро талаб менамояд.
Зеро, тавре Пешвои миллат иброз доштанд, “ҳоло имтиёзи гуфташуда на аз оғози фаъолияти истеҳсолии корхона, балки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он татбиқ мегардад. Дар чунин ҳолат қисми зиёди муҳлати имтиёзӣ ба давраи бунёд ва таҷҳизонидани корхонаи нав, яъне то ба даст овардани фоида рост меояд ва соҳибкорону сармоягузорон аз ин имтиёз пурра бархурдор намешаванд”.
Аз ин рӯ, сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки оид ба такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида барои корхонаҳое, ки нав ба фаъолияти истеҳсолӣ мепардозанд, дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар маҷмуъ, тавре Пешвои миллат иброз намуданд “нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Нуктаҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат, воқеан, дар шароити кунунии рақобатҳои шадиди сиёсию иқтисодӣ дар самти ҳимояи иқтисоди миллӣ, рушди устувори бахши хусусӣ ҳамчун маҳаки асосии таконбахши иқтисодиёт, дастгирии қишрҳои мухталифи ҷомеа барои дастёбӣ ба некуаҳволии ҳар сокини мамлакат мебошанд. Аз ин рӯ, итминон дорем, ки ин ҳама ғамхорӣ ва ҳидоятҳои оқилонаи Пешвои миллат соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси ватаниро бетараф намегузорад.
Намояндагони бахши хусусӣ ва соҳибкорону сармоягузорон дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сидқан дарк намуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир донишу малака ва имконияти худро дареғ надошта, барои дарёфти фишангҳои нави иқтисодӣ барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Бо қадрдонӣ аз ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳибкорон дар оянда ҳам барои корҳои бунёдкорӣ ва ташаббусҳои ватандӯстона, бахусус бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ, аз ҷумла расонидани кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар иқдоми дастгирии иҷтимоӣ боз ҳам бештар саҳм мегузоранд.
Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА,
Директори генералии Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»