Иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 27.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли зебои баҳор соли 7-ум аст, ки дар мамлакат аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ — ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор мегардад.
Ин иқдом имрӯзҳо дар саросари мамлакат идома дошта, дар доираи он занону духтарон ҳамарӯза либосии миллӣ ба бар менамоянд.
Иқдом аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он гузаронида мешавад.
Муовини сардори раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исломзода иброз дошт, ки мақсад аз баргузор намудани ин иқдом арҷ гузоштан ба фарҳанг ва либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон, баланд бардоштани шавқу ҳаваси онҳо ба либоси миллӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудани гаравидан ба фарҳанги бегона мебошад.
Бояд гуфт, ки симои зан-модари тоҷик ҳамеша бо либоси миллӣ пеши назар меояд, зеро онҳо дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли равон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар аз занону ҷавондухтарон даъват ба амал оварданд, ки «либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳамаи давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб меёфтанд, тарк накунед. Бахусус, дар фасли баҳор, аз ҳамин рӯзҳо сар карда, хурду бузург либоси миллӣ ба бар кунед ва ифтихор дошта бошед, ки атласу адрас ва чакани тоҷикии мо ҷаҳонӣ шудааст».
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, яке аз ҳадафҳои дигари баргузор намудани иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем»- ин ҷалб намудани тарроҳону чеварон ба муосиргардонии либоси миллӣ мебошад.
«Имрӯз, ки ҳифз ва нигоҳдошти либосӣ миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ба воситаи ин гуна ҳамоишҳои дохиливу байналмилалӣ мо метавонем либоси миллиамонро муаррифӣ намоем. Мушоҳидаҳо зимни баргузории ҳамоишҳо нишон медиҳанд, ки аксари тарроҳон ва чеварон аллакай дарк намудаанд, ки дар замони имрӯз либосҳои миллиро бо кадом тарҳ бояд пешниҳод намоянд. Онҳо либосҳоеро пешниҳоди омма мегардонанд, ки воқеан ҳам бо тарҳи муосир дӯхта шуда, ба хусусияти хоси либоси миллии мардуми тоҷик ҷавобгӯ мебошанд»,-гуфт Боғигул Исломзода.
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯзҳо дар кӯчаҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ занону духтарон либоси миллӣ ба бар намудаанд, ки ин метавонад дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳифз намояд. Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон ҳамчунин «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад. Ин дастурамал аз 16 боб иборат буда, либосҳои тавсиявии он аз наврасони 7-сола оғоз мешаванд. Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ пешниҳод гардидааст. Ба андешаи фарҳангшиносон, он пеши роҳи хурофоту бегонапарастиро гирифта, воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифи миллату мамлакат мегардад.
Бояд гуфт, ки ба китоби «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки соли 2018 тасдиқ ва нашр гардида буд, иловаҳо ворид гардида, ба нашр мерасад.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ амалӣ мегардад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ«Ховар»








«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ЯК ҶАВОН — ЯК ДАРАХТ». Ин ташаббус ба ҳифзи табиат, ҷомеа ва ояндаи сабзи Тоҷикистон равона шудааст
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид






