Имрӯз-Рӯзи умумиҷаҳонии назм. Тамоми суннату маросим ва ҷашнҳои миллӣ дар Тоҷикистон тавъам бо шеър мебошанд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 21 март бо қарори ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид-ЮНЕСКО дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии шеър (назм) таҷлил карда мешавад. Ҳадаф аз ҷашн гирифтани ин сана, бахшидани набз ва эътирофи нав ба ҳаракатҳои шоиронаи байналмилалӣ ва музофотӣ мебошад. Дар қарори ЮНЕСКО омадааст, ки «шеър метавонад посух ба ҳамаи масъалаҳои тезу тунд ва амиқи руҳонии инсони муосир бошад. Аммо барои ин зарур аст, ки таваҷҷуҳи ҳарчи бештару васеътари ҷомеа ба он нигаронида шавад».
Дар Тоҷикистон ин рӯз дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврӯз гузаронида шуда, бо иштироки шоирони маъруфи мамлакат базмҳои шеъру суруд доир мегарданд. Бояд гуфт, ки соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамоиши шоирони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар воқеъ ҳаёт ва рӯзгори инсонро наметавон бе шеър тасаввур намуд. Тамоми суннату маросим ва ҷашнҳои миллӣ бо шеър ва суруд тавъам мебошанд.
Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло гуфтааст, «хеле ҷолиб ва рамзист, ки Рӯзи умумиҷаҳонии шеър маҳз ба 21 март, яъне рӯзи бузургтарин ва шоиронатарин ҷашни миллии халқи тоҷик- Наврӯзи фархундапай рост омадааст. Ин ду сана бо ҳам тавъаманд ва ҳамдигарро комил менамоянд, зеро Наврӯз бе шеър ва шеър бе Наврӯз вуҷуд надорад».
Дар зиндагию фарҳанги мардуми тоҷик шеър узви ҳамешагӣ ва пайванд бо ҳаёти маънавии халқ аст. Беҳуда нест, ки мегӯянд: «Халқи тоҷик табиатан шоир аст». Ин аст, ки бузургтарин нобиғагони олами шеър дар ин сарзамини суханпарвар ба дунё омадаю падидаҳои дурахшони шеъри оламро ба вуҷуд овардаанд ва ҳатто бисёр андешаҳои илмию фалсафӣ ва иҷтимоии худро дар қолаби шеър ба инсоният пешкаш намудаанд.
Аҳли илму адаб иброз медоранд, ки шеър илм нест, аммо сарчашмаи маърифат аст. Шеър муҳаррики аслии башар барои даст ёфтан ба ҷаҳоне бартар ва беҳтар аст, зеро шеър ангезаҳоро бедор карда, фикрро вусъат мебахшад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат имсол соли 7-ум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Ин озмун барои дарёфти шоирони наврасу ҷавон ва рушди шеъри муосир заминаи мусоид фароҳам меорад. Зеро тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, давоми 6 соле, ки ин озмун доир гардид, довталабони зиёд дар номинатсияи эҷоди назм, адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, ки ба ин номинатсияҳо шеър ва навъҳои он- рубоӣ, дубайтӣ, ғазал қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ворид гардидаанд, фаъолона иштирок намудаанд. Ин нишони он аст, ки тоҷикон миллати шеърдӯст ва фарҳангпарвар мебошанд.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдорию китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид.
Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ бедор намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои дигар давлатҳо қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло мегӯяд, ки «бигзор шумо шоир набошед, аммо бо шеър бошед. Шеър гулхане дар ниҳоди шумост, ки вуҷуди шуморо гарму равшан менамояд, чашмаест саршор дар ниҳоди шумо, ки ба ботини шумо таровату покӣ мебахшад, чароғест фурӯзон дар чашму дили шумо, ки роҳи зиндагию рӯзгоратонро мунаввар месозад».
АКС аз манбаъҳои боз








ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд






