ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар участкаи интихоботии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 38 нафар ҷавонон нахустин маротиба овоз доданд

ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон бо руҳияи идона, шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва суботи Ватан бо чеҳраи кушода ва таъби болида вориди ин макон мешаванд. Дар ин ҷо барои интихобкунандагон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла онҳое, ки бо кӯдакони хурсол омадаанд, бе ягон душворӣ имкони овоз додан доранд. Зеро онҳо дар ҳолати зарурӣ кӯдакони худро дар хонаи модару кӯдак, ки дар ин участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст, гузошта метавонанд.Чунин иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни овоздиҳӣ дар ин участкаи интихоботӣ.
Овоздиҳӣ дар участкаи интихоботии №15 дар вақти муқарраршуда, аз соати 6:00 оғоз ёфта, то соати 11:00 иштироки фаъолонаи шаҳрвандон мушоҳида мешуд.
Тавре омӯзгор, сокини шаҳри Душанбе Мавзуна Раҳимова изҳор дошт: «интихобот дар поягузорӣ ва рушди демократия, амалишавии принсипҳо ва арзиши олии умумиинсонӣ, суботи давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва ваҳдати ҷомеа, рушду нумуи фарҳанги сиёсии ҷомеа, инчунин таҳкими давлатдории миллӣ нақши муайянкунанда ва бунёдӣ мегузорад».
«Иштироки шаҳрвандони мамлакат дар интихобот имконият медиҳад, ки онҳо дар қабули қарорҳо оид ба ояндаи давлат бевосита иштирок кунанд. Аз ин рӯ, овози ҳар яки мо метавонад нақши муҳим дошта бошад»,- афзуд Мавзуна Раҳимова.
Дар ин рӯз дар участкаи интихоботии мазкур 38 нафар ҷавонон маротибаи аввал дар интихобот иштирок намуданд. Онҳо бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ муносибат намуда, бо ифтихор ба ҷонибдории номзадҳои арзанда овоз доданд.
Яке аз онҳо Дилафрӯз Содиқова мебошад, ки дар суҳбат чунин гуфт: «Хеле шодам, ки имсол маротибаи аввал дар интихобот иштирок кардам. Иштирок дар интихобот барои ҳар як шаҳрванд муҳим аст, зеро он ояндаи моро муайян менамояд. Пеш аз интихобот хуб омӯзиш карда, бо барномаҳои номзадҳо шинос шудам ва бо дилпурона ба номзадҳои арзанда овоз додам».
Ҷавони дигар- Бибиоиша Раҷабова изҳор кард, ки «маротибаи аввал иштирок намудан дар чунин рӯйдоди муҳими сиёсии мамлакат бароям на танҳо масъулияти бузург, балки боиси ифтихор аст».
Сурайё Юнусова таъкид намуд, ки «ман ҳамагӣ чанд моҳ пеш 18-сола шудам ва хеле хурсанд будам, ки имсол ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро дорам. Муҳим он аст, ки ҷавонон бетараф набошанд ва дар пешрафти мамлакат саҳмгузор бошанд. Имрӯз бо иштирок дар интихобот худро як аъзои фаъоли ҷомеа эҳсос намудам».
Ҳамин тавр, ҷавонон бо масъулияти баланд ва ҳаваси зиёд дар интихобот иштирок намуда, дар муайян намудани ояндаи Тоҷикистон саҳмгузорӣ карданд.
Ҳамчунин дар ин участкаи интихоботӣ мушоҳидони байналмилалӣ ва маҳаллӣ ҷараёни интихоботро мушоҳида мекарданд.
Пайрав НАЗАРОВ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»