«МАЛИКАИ ТАБИАТ». Моҳи апрел дашту теппаҳои Тоҷикистон лолапӯш мешаванд

Март 30, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон макони аслии лолаи худрӯй мебошад. Гули лола танҳо ду-се моҳ дар як сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз нимаи апрел то аввали июн вобаста ба маҳалҳои гарму салқин идома меёбад.

Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрӯ қариб дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои кӯҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз кӯҳҳои Помир то Тияншон ва ғайра воқеъ аст.

Гули лола ба салқинӣ нисбатан тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15+18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯяд ва ҳосилхез аст.

Тибқи иттилои гиёҳшиносон, лола ба ду гурӯҳи калон – парваришӣ ва худрӯй тақсим мешавад. Баргҳои лолаи худрӯй нозуку ҳассос ва зуд осебпазиру ранҷуршаванда аст. Аммо гулҳои лолаи парваришшуда бузург буда, гулбаргҳои нисбатан бақуввати тобовару пуртоқат доранд. Дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ лола бо номҳои «Ороиши соли нав», «Арӯси сол» ва ҳоло бо номи «Маликаи табиат» дониста мешавад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту теппаҳоро дар байни сабзаву гиёҳҳо махмалпӯш намуда, табиатро бо ҷилваи латифи худ зебову ҳаловатбахш менамояд.

Ин гули худрӯи табиии зебо умри нисбатан кӯтоҳе дорад, зеро на тоқати гармо ва на тоқати сармои сахтро дорад. Ин гули зебо дар ҳақиқат ҳамчун «Маликаи табиат» ниҳоят зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани қавии он мебошанд. Гули лола дар байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯи табиат гули ишқу муҳаббат буда, ҳаргиз ба ҳеҷ кадоми онҳо зарар намерасонад.

Номи гули лола аз калимаи лол ё лаъл аз забони санскрит ба маънои «қирмиз» гирифта шудааст. Лолаҳо дар байни гулбаргҳояшон доғи сиёҳ доранд, ки ин рамзи доғи ишқро дорад.

Гиёҳшиносон ба он назаранд, ки мизоҷи гули лола дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Агар 7 грамм гули хушкашро кӯфта, бо майи пухта биошоманд (хӯранд), дарди узвҳои даруни шикамро, ки дафъатан ба амал меояд, таскин медиҳад ва бисёр пуртаъсир аст.

Гули хушки онро кӯфта, ба воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро ҳамон лаҳза қатъ мекунад. Ва агар онро бипошанд, хунравиро, ки аз ҳар як узв бошад, манъ месозад. Агар оби гиёҳи тари онро дар Офтоб ғафс гардонанд, инро усораи лолаарӯсак меноманд. Усораи инро бимоланд, захмҳоро аз мадда пок мегардонад, иллати пӯстпартоиро дафъ мекунад, варами чашмро мегардонад. Онро дар бинӣ бирезанд, майнаро аз рутубатҳои зарарнок пок месозад. Оби гиёҳи тари онро дар чашм чаконанд, гули чашмро дафъ менамояд. Гули хушки онро маҳин кӯфта, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро нест мекунад. Гули онро бо пӯсти сабзӣ (ҷойи кабудаш), чормағз якҷоя кӯфта гузошта банданд, мӯйро сиёҳ мегардонад ва шукуфаи пӯстро нест менамояд.

Ҳар рӯз 3,5 грамм тухми онро бо оби хунук бишоманд ва ин амалро муддате давом диҳанд, иллати песро даво мебахшад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 30, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад