Маркази саратоншиносии шаҳри Кӯлоб бо дастгоҳҳои замонавии рентгени рақамӣ таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 март ба Муассисаи давлатии Маркази саратоншиносии шаҳри Кӯлоб дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ ва маммографияи замонавӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дастгоҳҳо бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон мебошад, тақдим гардид.
«Ин таҷҳизот имкон медиҳад, ки бемориҳои саратон дар марҳилаҳои аввал ошкор гардида, раванди табобати самараноки он таъмин карда шавад. Ҳамзамон ин раванд дар татбиқи барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемориҳои саратон саҳми назаррас мегузорад» — иброз дошт муовини якуми директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Матин Ахмедов.
Таъкид гардид, ки Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар татбиқи технологияҳои навин дар соҳаи тандурустӣ ва омодагии мутахассисон нақши муҳим дорад.
Бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мутахассиси Маркази саратоншиносии шаҳри Кӯлоб Сулаймон Одинаев ба муҳлати як сол дар Маркази миллии саратоншиносии Федератсияи Русия таҷриба омӯхта, дар самти ташхиси дақиқу саривақтии бемориҳои саратон донишу малакаи касбиашро такмид медиҳад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






