МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли занбурӯғ раванди пиршавиро ба таъхир андохта, ба ҷавону зебо мондан мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Занбурӯғ таъму бӯи хуш ва моддаҳои серғизо — витаминҳои А, В, Д, РР, С дошта, аз ин рӯ чун маҳсулоти хӯрокворӣ маъмул гардидааст. Инчунин дар таркиби он пайвастҳои фосфор, сулфур, калий, хлор, руҳ, мис, хром, оҳан ва дигар микроэлементҳо мавҷуд буда, аз 2,8 то 5 фоиз сафедаҳои зудҳазм дорад. Маҳз барои ҳамин онро «гӯшти ҷангалӣ» ё «гӯшти растанӣ» меноманд.
Яке аз сабабҳое, ки занбурӯғро бояд бештар истеъмол кард, он аст, ки занбурӯғ дорои полиаминҳо, яъне моддаҳое мебошад, ки боиси дарозумрии инсон мегарданд. Тавре ташхису таҳқиқот нишон додаанд, дар ҷисми нафарони дарозумр миқдори зиёди полиаминҳо вуҷуд дорад.
Занбурӯғҳо ба таври гетеротрофӣ, яъне аз ҳисоби моддаҳои органикии бофтаҳои растанию ҳайвонот ғизо мегиранд. Моддаҳои равғани липоидҳо ва фосфоридҳои таркиби он зудҳазм мебошанд. Қанди таркиби занбурӯғ (глюкоза) онро серғизо ва ширин менамояд. Барои инсон таомҳои занбурӯғӣ фоидаи калон доранд. Аммо шахсоне, ки ба касалии ҷигар ва меъдаю рӯда гирифторанд, бояд аз истеъмоли таомҳои занбурӯғӣ худдорӣ намоянд.
Дар асари Абӯалӣ ибни Сино «Ал-Қонун» дар бораи занбурӯғ ҳамчун ғизо ва воситаи табобат маълумоти зиёди муҳим оварда шудааст.
Тибқи таҳқиқоти мутахассисон, занбурӯғ ғадуди шириро пешгирӣ менамояд. Дар таркиби тамоми намудҳои занбурӯғ сафеда ва антиоксидантҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки системаи муҳофизатии организмро пурқувват мегардонанд. Занбурӯғ раванди пиршавии организмро ба таъхир андохта, ба ҷавону зебо мондани шахс мусоидат менамояд. Ба ғайр аз ин, дар таркиби занбурӯғ витамини D мавҷуд мебошад, ки дар айёми тирамоҳ ва зимистон барои организми инсон муфид мебошад.
Дар таркиби занбурӯғҳо витамини D мавҷуд аст, ки мубодилаи калсий ва фосфорро дар бадани инсон танзим намуда, инчунин ба системаи масуният таъсири мусбат мерасонад. Ин витамин махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон намерасад.
Нахи дар занбурӯғ мавҷудбуда ба нигоҳ доштани меъёри қанди хун мусоидат намуда, хатари инкишофи диабети навъи дуюмро коҳиш медиҳад.
Дар ҷаҳон якуним миллион намуди занбурӯғ мавҷуд мебошад. Онҳо дар ҳамаи минтақаҳои Замин ҷойгиранд ва дар ҷойҳои хеле намнок мерӯянд. Ҳангоми истеъмоли занбурӯғ одамоне, ки дар бораи навъҳои он маълумоти кофӣ надоранд, бояд бештар эҳтиёткор бошанд. Зеро сатҳи заҳролудшавӣ аз баъзе намудҳои занбурӯғҳо баланд аст.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






