Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон

Март 27, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 март вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои фарҳанг, воситаҳои ахбори омма ва саёйҳӣ Бахар Сейидова баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо оид ба имкониятҳо ва роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани додугирифти мутақобилаи байнифарҳангӣ ибрози андеша намуданд.

Дар ин робита, идома додани иштироки фаъоли ҳайатҳои ҳунармандони ду кишвар дар маҳфилҳову чорабиниҳои байналмилалии дар қаламрави Тоҷикистон ва Туркманистон баргузоршаванда таъкид карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Март 27, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд