Нахустин хатсайри мустақими ҳавоии Бишкек-Хуҷанд-Бишкек фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 март нахустин хатсайри мустақими ҳавоӣ дар самти Бишкек-Хуҷанд-Бишкек тавассути Ширкати «Асман Эйрлайнс»-и Қирғизистон анҷом дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Нахустин мусофирони хатсайр намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон ва дигар шахсони расмӣ буданд.
Хатсайр бо мақсади густариши ҳамкории иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров фаъол гардид.
Дар ин сафар меҳмонон бо осоишгоҳи «Баҳористон», Қалъаи Хуҷанд ва Қасри таърихии Арбоб шинос шуданд.
Хатсайри нави Бишкек-Хуҷанд-Бишкек ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сайёҳии ду мамлакат мусоидат намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ имконияти нав фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




























Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад






