Най асбоби мусиқии қадимии тоҷикон аст, ки савти онро рамзи баҳору Наврӯз медонанд
ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Най яке аз асбобҳои қадимии тоҷик буда, онро ҳунармандон бештар дар идҳои миллӣ ва хондани сурудҳои халқӣ истифода менамоянд. Дар фасли баҳор навои ин соз бештар мегардад ва мардум аз рӯи одат савти онро рамзи баҳор медонанд. Зеро оҳанги дилнишину дилписанди сози нафасии най руҳи инсонро болида, табъашро шод ва қалбашро пурфараҳ мегардонад.
Тавре дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум), ки соли 2015 нашр шудааст, омадааст, найро бештар аз қамиш месозанд, вале навозандагон найи аз чўби тару тоза сохташударо истифода мебаранд. Инчунин ҳунармандон онро аз чӯби зардолу, тут, чормағз месозанд.
Фарқи найи қамишӣ аз найи чӯбӣ он аст, ки дар найи қамишӣ танҳо чанд мақом иҷро мешавад, вале дар найи чӯбӣ иҷрои оҳанг васеъ аст. Инчунин ин сози мусиқии нафасиро низ аз филиз месозанд. Дарозиаш 45-60 сантиметр буда, дарунаш холӣ аст. Аз як нӯг ба дарозӣ сӯрохе дорад, ки барои дамидани бод истифода мешавад. Дар танаи най 6-10 сӯрох мешавад, ки онҳо барои тағйир додани овоз ё лаҳн ба кор мераванд.
Таърихшиносон иброз медоранд, ки тасвири найнавозон дар маснуоти сафолии ёфтшуда нишони он аст, ки ин асбоби нафасии мусиқиро дар замонҳои пеш низ васеъ истифода мебурданд. Ҳайкалчаи суғдидухтари найнавоз то имрӯз боқӣ аст, ки найи амудӣ менавозад.
Ҳангоми дар ансамблҳои созӣ навохтани най маъмулан дигар созҳоро аз танбӯр, дутор, ғижжак ва ғайра мувофиқи баландии садои он ҷӯр менамоянд. Садои ҳуштакомези най нафису форам аст. Оҳангҳои «Муноҷот», «Наврӯзи Сабо» ва «Наврӯзи Аҷам» танҳо бо най иҷро мешаванд.
Дар асрҳои пешин дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ найнавозон дар ҷашн ва дигар ҳамоишҳо оҳангҳо иҷро менамуданд. Най оҳанги махсус дошта, дар алоҳидагӣ ва якҷоя бо дигар созҳо дар дастаҳои мусиқӣ навохта мешавад. Имрӯз шаклҳои най хеле тағйир кардааст, вале ҳунармандон ҳамон найи тоҷикиро васеъ истифода мебаранд.
Мегӯянд, ки навозандаи сози най аз ҳузури дили хеш нафас берун меорад, набзи ӯ бо набзи сози най метапад ва аз ин таппишҳо дар дунёи мусиқӣ оҳанги нави ҷонбахшу руҳафзо тавлид мегардад. Таваҷҷуҳи бештар ба сози най дар олами ҳунар боиси он гардид, ки дар соҳаи найтарошӣ ҳунармандони касбӣ фаъолият намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Вазъи иқлими сайёра соли 2026 аз меъёр берун меравад
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Парчами давлатӣ – ифодаи соҳибихтиёрӣ ва нишонаи ҳуқуқии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Парчам чун рамзи соҳибдавлатӣ дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ нақши махсус дорад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
ПАРЧАМ — РАМЗИ ҲАМБАСТАГИИ ШАҲРВАНДОН. Ин рамзи муқаддас воситаи муаррифии давлат дар фазои байналмилалӣ аст
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид






