Обуҳавошиносон дар Шанхай шуруъ аз соли 1945 бори нахуст дар моҳи март гармии 30 дараҷаро сабт намуданд
ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Обуҳавошиносони Шанхай шуруъ аз соли 1945 нахустин маротиба дар моҳи март гармии 30 дараҷаро сабт намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС бо истинод ба Бюрои обуҳавошиносии Шанхай хабар додааст.
Истгоҳи обуҳавошиносии Сюйтзяхуэй дар Шанхай 25 март ҳарорати ҳаворо 30 дараҷа сабт намуд, бори охир ин гуна гармӣ моҳи марти соли 1945 шаҳрро фаро гирифта буд. Хабар дода мешавад, ки ҳарорати ҳаво боз ҳам баланд хоҳад шуд.
Тибқи маълумоти идораи обуҳавошиносии Чин, соли 2024 дар Чин аз замони оғози баҳисобгирии умумимиллӣ дар соли 1961 гармтарин сол буд. Қаблан солҳои 2022 ва 2023 низ дар ин кишвар ҳамчун гармтарин сол дар тамоми таърихи мушоҳидаҳо эътироф шуда буданд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






