Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ «Афранг Пластик»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корхонаи муштараки истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ «Афранг Пластик»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ «Афранг Пластик» дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Тоҳир Олимӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ сохта шудааст. Корхона бо навтарин дастгоҳу технологияи истеҳсоли кишварҳои Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин муҷаҳҳаз гардонида шуда, маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда истеҳсол менамояд.
Дар ин ҷо мувофиқ ба завқи харидор дару тирезаҳои пластикӣ дар шаклу андозаҳои гуногун омода шуда, пешниҳод мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин корхона калонтарин иншооти соҳа дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд буда, 70-80 фоизи маҳсулоташ ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навсохт қариб 3 сол идома ёфта, дар ин муддат зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Корхона дар 1 сол имкон дорад то 6 ҳазор тонна маҳсулоти пластикӣ омода намояд. Ин иқтидор баъд аз 3 соли фаъолият солона ба 8 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 150 нафар расонда мешавад.
Ҳоло дар корхонаи мазкур 100 коргар маҳсулоти тайёри пластикӣ ва алюминӣ мутобиқ ба талаботи стандарти аврупоӣ истеҳсол менамоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини сокинон бо кор муҳим арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд ба рушди саноат ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, корхонаҳои муосир бунёд ва сатҳи иҷтимоии аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад. Танҳо дар 3 моҳи аввали соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд 9 коргоҳу корхонаи нав сохта ба истифода дода шуд, ки ин мисоли равшани рушди соҳа дар ин гушаи диёр мебошад.









Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз






