Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлии ҶДММ «Суғдметалл»-ро ифтитоҳ намуданд

Март 29, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобочон Ғафуров корхонаи истеҳсоли қубуру профилҳои металлии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Суғдметаллро расман мавриди истифода қарор доданд.

Корхона бо саҳми соҳибкорони тоҷику узбек Муллоҷон Мансуров ва Фаррух Фахриддинов бунёд карда шудааст. Таъсиси корхонаи металлургии Суғдметалл самараи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон мебошад, ки бо иродаи сарони ду кишвар, дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ густариш меёбад.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди металл бо харҷи беш аз 500 миллион сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳа дар масоҳати 6,5 гектар таъсис дода шуда, дастгоҳу таҷҳизоти муосири стандартҳои аврупоӣ вориду насб гардидааст.

Тавре аён гардид, дар корхонаи навтаъсиси Суғдметалл истеҳсоли қубуру профилҳои металлӣ бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷараёни истеҳсолӣ аз бурриши металл, коркард ва истеҳсоли қубуру профилҳо то банду басти маҳсулот дар маҷмӯи дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоли ширкатҳои маъруфи давлатҳои Аврупо — Фаспар, Отто, Мелс, Филтра, МТС ва Термоту сурат мегирад.

Дар корхона 2 адад таҷҳизоти технологии истеҳсоли қубуру профилҳо аз ширкати Отто Мелс насб гардидааст, ки дорои иқтидори калони истеҳсолӣ мебошад. Дар ҳар яки ин хатҳои технологӣ дар як дақиқа 160 метр қубуру профил истеҳсол мегардад ва иқтидори солонааш 100 ҳазор тонна маҳсулоти металлии сохтмонӣ мебошад.

Дар истеҳсолот ҷараёни кафшергарӣ, бурриш бо санги алмосӣ, арракунӣ ва банду басти маҳсулот амалӣ мегардад.

Бо истифода аз таҷҳизоти муосири технологӣ аз рӯи ҳаҷм ва андоза 50 намуди қубур ва профилҳои металлии мутобиқ ба сифату стандарт истеҳсол карда мешавад.

Тибқи нақшаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ дар корхона дар оянда бо омӯзиши талаботи бозори дохилӣ ҳаҷму намуди кубуру профилҳои металлӣ зиёд карда мешавад.

Муассисону соҳибкорони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Суғдметалл нақша доранд бо азхудкунии пурраи бозори дохилӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд ва шумораи коргаронро то ба 300 нафар расонанд. Ҳамзамон, корхона имкони содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар дорад.

Дар корҳона барои фаъолияти ҳайати муҳандисию теҳникӣ ва коргарон бо бунёди биноҳои маъмурият, ошхона, нуқтаҳои санитарию гигиенӣ, истироҳатӣ, толори фитнес, шароитҳои меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот аз наздик шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва мутахассисони ширкати Суғдметаллро дар таъсиси ин корхонаи муосир саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи арзанда аз ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоиста арзёбӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузорон ба рушди соҳа замина мегузорад ва давоми 5 соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар кишвар беш аз 2040 корҳонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024 740 коргоҳу корҳонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шуд. Суръати миёнаи солонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид.

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлии ҶДММ Суғдметалл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29.03.2025

Март 29, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун хати оби нӯшокиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишуда аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо лоиҳаи сохтмони пули мошингузар шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Зарангак»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматии сокинони аз заминларза зарардидаро ба истифода доданд
Дар Конибодом 90 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод манзилҳои нави истиқоматиро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бунёд карда мешаванд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом 714 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд