Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмони иншоот дар пойтахт шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Ҳабиб Аҳрории пойтахт бо рафти сохтмони маҷмааи шаҳраки олимақом шинос шуда, ҳамзамон аз намоишгоҳи масолеҳи сохтмонӣ дидан намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар намоишгоҳи мазкур беш аз 40 ширкати ватанию хориҷӣ маҳсулоти хешро ба намоиш гузошт.
Зимни шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмончиён дастур доданд, ки дар бунёди биноҳо аз масолеҳи сохтмонии аълосифат истифода намоянд, то ки хонаҳои дар оянда бунёдшаванда барои зиндагии арзанда созгор бошад.
Инчунин ба соҳибкорон бо мақсади коҳиш додани воридоти масолеҳи сохтмонӣ дастуру супоришҳо дода шуд, ки корхонаҳои нави ватанӣ таъсис диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои охир таҳти роҳбарии ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат симои худро куллан дигар кардааст. Қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ ба симои шаҳр зебогии хоссае замъ сохта, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе


















Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






