Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯз»-ро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони «Наврӯз»-ро баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, таҷдид шуда аз зумраи бандҳои нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ низ мебошад.
Муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯз» аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 200 кӯдак бо 35 ҷойи корӣ барқарор шуд.
Дар ин муассисаи томактабӣ 7 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои хоб, синфхонаҳои таълимӣ, аз шумули имкониятҳоест, ки дар кӯдакистон фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯз»-ро туҳфаи идона ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ба кӯдакони деҳа маънидод карданд.
Гуфта шуд, ки ҳоло фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 28,7 фоизро ташкил дода, дар ноҳия 40 кӯдакистони давлатию хусусӣ амал мекунанд.
Деҳаи Шамсобод ҳам аз ҷумлаи маҳаллаҳое мебошад, ки зичии аҳолӣ дар он ба мушоҳида мерасад. Ҳоло дар ин деҳа 4000 нафар зиндагӣ мекунад ва барои фарзандони бошандагон фаъолияти 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар умум, масъалаи бунёд ва барқарорсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз минтақаҳои сернуфуси кишвар мебошад, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дошта, дар панҷ соли оянда қарор аст дар ноҳия даҳҳо муассисаҳои томактабии нав бунёд карда шаванд.
Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намуда, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид






