Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таҳсилоти томактабии Навбаҳорро ифтитоҳ намуданд

Март 30, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти томактабии Навбаҳор оғоз бахшиданд.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш доданд, то дар давоми панҷ соли оянда дар ҳар маҳаллае, ки зиёда аз 100 оила зиндагӣ мекунанд, муассисаҳои томактабӣ бунёд намоянд. Дар навбати худ соҳибкорони вилоят баҳри иҷрои ин супориши Пешвои миллат ба бунёди кӯдакистонҳо авлавият медиҳанд, ки ин корашон дар татбиқи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025” мусоидат менамояд.

Дар 10 синфхонаи барҳаво барои ба таҳсил фаро гирифтани то 300 кӯдак шароит фароҳам оварда шудааст.

Таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, дар ин раванд 35 мураббияи соҳибтахассус ба кор ҷалб гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ ва шароити таҳсил дар кӯдакистони Навбаҳор баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи саҳмгузорӣ дар ташаккули зеҳну тафаккури насли ояндаи миллат унвон карданд. Ба таъкиди Сарвари давлат таҳсилоти томактабӣ марҳилаи муҳими ташаккули қобилияти зеҳнӣ ва заминаи мусоиди забономӯзии наврасон маҳсуб меёбад, аз ин лиҳоз тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши илмҳои муосир аз ҳайати кормандон ҷиддан тақозо гардид.

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии Навбаҳор дар шаҳри Хуҷанд 30.03.2025

Март 30, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд