Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод

Март 2, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №13 ташриф оварда, ба хотири ояндаи дурахшони давлату миллат ба тарафдории ҳизб ва номзади арзанда овоз дод.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд. Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, соати 20:00-и 2 март ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.

Натиҷаҳои пешакии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.

Март 2, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар участкаи интихоботии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 38 нафар ҷавонон нахустин маротиба овоз доданд