Шоҳигарии Баҳрайн имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд

Март 16, 2025 19:38

ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳигарии Баҳрайн созишномаи марзи Байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Ва Қирғизистонро истиқбол мекунад, — хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Вазорат ба ҳукуматҳо ва халқҳои ҳарду мамлакат табрикоти самимии Баҳрайнро расонида, изҳори умед кард, ки ин созишнома ба таҳкими амният, субот ва шукуфоии ҳарду кишвар, халқҳои дӯстонаи онҳо ва тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард», — гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии  Шоҳигарии Баҳрайн.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 16, 2025 19:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»