Шоҳона Сулаймон: «Сарриштаи зиндагиву рӯзгори ҳар як оила, пеш аз ҳама, дар дасти Зан-Модар аст»

ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирию ғамхориҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми занону духтарон дар ҷомеа баланд гардид ва барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам оварда шуд. Дар арафаи Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» бо яке аз занони номдори ҷумҳурӣ — сармуҳаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Сулаймон дар ин мавзуъ суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо, чӣ гуна занро метавон зани муваффақ номид?
Шоҳона Сулаймон: Аз нигоҳи ман, зани муваффақ, пеш аз ҳама онест, ки рисолати модар, ҳамсар ва хоҳар будани худро хуб ба ҷо меорад. Зане, ки ба ҳама мушкилӣ ва серкориҳояш нигоҳ накарда, бо муҳаббат, меҳрубонӣ, дарксозӣ, дилбардорӣ ва ғамхориҳояш ба зиндагии пайвандону атрофиён роҳат мебахшад, ҳамеша муваффақ аст.
Фикр мекунам, ки аксар занону духтарони тоҷикро метавон муваффақ номид, зеро онҳо бонуи сариштакори хона, модари ғамгусор, ҳамсари бовафо, хоҳари дилсӯз, келини бомаърифати хонадон буда, бо иродаи матин, ҷасорат, шуҷоат ва меҳнатдӯстӣ хонаи худро обод месозанд. Онҳо ин хислатҳои некро аз гузаштагони худ мерос гирифта, имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонӣ дар рушди Ватан саҳми басо арзишманд мегузоранд.
Муваффақияти дигари занону духтарони тоҷик дар он аст, ки дар баробари рисолати модарӣ, имрӯз ҳамчун аъзои Ҳукумат ва вакили парламент, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъулияти идоракуниро бошарафона иҷро мекунанд.Онҳо дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгор, табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.
Асоси муваффақияти занон ин пайваста омӯхтан, соҳибмаърифат будан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама дар оиладорӣ ва доштани касбу ҳунар мебошад.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз Ҳукумати мамлакат барои соҳибкасб шудани занону духтарон тадбирҳои муҳим меандешад. Аз ин шароити фароҳамоварда оё занону духтарони мо самаранок истифода мебаранд?
Шоҳона Сулаймон: Дар ҳақиқат, солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат ҷиҳати беҳтарсозии шароити зисти занон тадбирҳои муҳим андешида шуд. Аз ҳамин ҷост, ки имрӯзҳо шумораи донишҷӯдухтарон дар муқоиса ба солҳои пеш аз Истиқлоли давлатӣ даҳҳо маротиба афзудааст. Агар солҳои пеш, баъди хатми мактаби миёна идома ёфтани таҳсили духтарон дар донишгоҳу донишкадаҳо зери суол буд, имрӯз қариб ҳамаи духтарон мақсади идома додани таҳсилро доранд. Ба роиҷ гардидани ин амали неку наҷиб ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – барои духтарон ҷудо намудани квота дар муассисаҳои таълимии олӣ мусоидат намуд.
То имрӯз садҳо ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла даҳҳо ҳазор тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриро хатм намуда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун бо азму талош ва ташаббусҳои созанда фаъолият карда истодаанд.
Баъди оне, ки падару модарон ва аҳли ҷомеа дар амал мушоҳида карданд, ки бо соҳибкасб гардидани духтарон шароити зисти хонаводаҳо беҳтар мегардад ва онҳо ба модарони оқилаю соҳибмаърифат, занони сариштакор табдил меёбанд, назарашон ба ин масъала тағйир ёфт.
Мехоҳам ин ҷо бо овардани иқтибос аз гуфтаҳои Пешвои миллат фикрамро тақвият бахшам. Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки «соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону духтарон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Яъне ҳар чӣ қадар, ки духтарон ва занону духтарон босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад».
АМИТ «Ховар»: Ба ҷавондухтароне, ки ба зиндагии мустақилона қадам мениҳанд, чӣ маслиҳат медиҳед?
Шоҳона Сулаймон: Бисёр шодам, ки дар ҳамин масъала ҳам занону духтарони мо пешравиҳо доранд. Агар мушоҳида карда бошед, солҳои охир занон-модарони тоҷик кӯшиш мекунанд, ки пеш аз издивоҷ намудани фарзандонашон, алалхусус духтаронро ба ҳаёти мустақилона омода намоянд. Мебинам, ки ҳоло духтарон пеш аз шавҳар кардан курсҳои омӯзишии тайёр намудани хӯрок, хӯришҳо ва шириниҳои гуногунро мегузаранд. Дӯхтани либос, оростани дастархон ва қойидаҳои меҳмондориро меомӯзанд. Хуб аст, ки ин амали онҳо ба ҳукми анъана медарояд.
Ба духтароне, ки ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳанд, тавсия медиҳам, ки мисли ниёгонамон эҳтироми калонсолон, сабру таҳаммул, садоқат ба шавҳар, муҳаббат ба аҳли хонаводаи ӯро ба ҷо биоранд, ҳам худашон хушбахт мешаванд ҳам боиси ободию саодати як хонаводаи дигар мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Саҳми занону модаронро дар риояи яке аз қонунҳои миллӣ— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Шоҳона Сулаймон: Дар ҳақиқат, сарриштаи зиндагиву рӯзгори ҳар як оила, пеш аз ҳама дар дасти занону модарон аст, файзу баракат ва эҳтирому обрӯи хонадон аз онҳо вобаста мебошад. Тавре мушоҳида мегардад, солҳои охир занону модарони мо зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хубӣ дарк намудаанд. Зеро дар натиҷаи натиҷаи риояи ҳамин қонун диданд ва мушоҳида карданд, ки чанд мушкили зиндагиашон осон гардид. Ба хулосае омаданд, ки оростани дастархони боҳашамат ва доир намудани чанд маъраки нодаркор ба ҷуз хароҷоти беҳуда, манфиате надоранд.
Тавре мушоҳида мегардад, занону модарони арҷманди мо имрӯзҳо сарфаю сариштакориро омӯхта, дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ пешгирӣ намуда, доим дар фикри аҳли оилаву фарзандон ва захираи на кам аз дусолаи маводи ғизоӣ барои хонадони худ ҳастанд.
Ҳамаи мову шумо шоҳиди он суханҳое будем, ки Пешвои миллат бо ифтихор ва як ҷаҳон муҳаббату самимият иброз намуданд: «То вақте, ки ҳастам, занону модаронро дастгирӣ мекунам, зеро онҳо аввалин шуда, ташаббусҳои маро ҷонибдорӣ менамоянд ва дар татбиқи қонунҳои қабулшуда, бахусус қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим нақши муассир доранд».
АМИТ «Ховар»: Саҳми модаронро дар риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Шоҳона Сулаймон: Қабули ин қонун, дарвоқеъ, саривақтӣ ва муҳим буда, натиҷаю самараи хуб ҳам медиҳад. Дар замони ҷаҳонишавӣ хоҳу нохоҳ омилҳои гуногун ба тарбияи фарзандон ба таври мусбату манфӣ таъсир мерасонанд. Ҳамкории доимии падару модарон бо мактаб, масъулияти баробар ҳис намудан дар таълим ва тарбияи фарзандон, яъне насли наврасу ҷавон, ки ояндаи давлату миллат мебошанд, ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Дарвоқеъ, қабули қонуни миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» масъулияти волидайн, аз ҷумла, модаронро дар самти ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани фарзандон, хусусан таълиму тарбияи онҳо баланд намуд. Дар ин росто, мо, модарон бояд анъанаҳои хуби аҷдодонамонро дар самти тарбияи фарзандон идома диҳем. Ба онҳо касбу ҳунар омӯзем, на фақат духтарон, балки писаронамонро соҳибкасб намуда, онҳоро барои оиладоршавӣ омода ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем. Дар замири онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан-Модар, ҳисси баланди миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъхиру фарҳанги миллиро ҷой диҳем.
Бовар дорам, ки занону модарони мо суннату анъанаҳои неку созандаи ниёгонро минбаъд низ идома дода, дар эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ, ободии Ватан, оромии ҷомеаи ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши арзанда ва муносиб мегузоранд.
Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АКС: Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»