Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон 200 нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ озод карда шуданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз субҳи имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 200 нафар, аз ҷумла 53 нафар зан, 147 нафар мард ва 27 нафар ноболиғон озод карда шуданд. Дар ин рӯз аз муассисаи ислоҳии низоми умумии ноҳияи Ёвон 98 нафар, муассисаи ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Душанбе 22 нафар, муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак 53 нафар ва аз муассисаи тарбиявии ноболиғон дар шаҳри Душанбе 27 нафар озод карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи ин Фармони Президенти Тоҷикистон, ҷазои 897 нафар маҳкумшудагон бахшида шуда, марҳила ба марҳила аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо чунин иқдоми инсодӯстона ва ғамхорию амали бахшида тавонистани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ то ба қабули фармони навбатии бахшиши ҷазо баъди имзои санадҳои дахлдори афв ва бахшиши ҷазо дар муассисаҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҷмуъ нисбат ба 102 ҳазору 671 нафар татбиқ гардидааст, ки аз инҳо 58 ҳазору 233 нафар аз адои ҷазои чиноятӣ озод карда шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»



















Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд






