Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон 200 нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ озод карда шуданд

Март 21, 2025 11:47

ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз субҳи имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 200 нафар, аз ҷумла 53 нафар зан, 147 нафар мард ва 27 нафар ноболиғон озод карда шуданд. Дар ин рӯз аз муассисаи ислоҳии низоми умумии ноҳияи Ёвон 98 нафар, муассисаи ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Душанбе 22 нафар, муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак 53 нафар ва аз муассисаи тарбиявии ноболиғон дар шаҳри Душанбе 27 нафар озод карда шуданд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи ин  Фармони Президенти Тоҷикистон, ҷазои 897 нафар маҳкумшудагон бахшида шуда,  марҳила ба марҳила аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо чунин иқдоми инсодӯстона ва ғамхорию амали бахшида тавонистани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ то ба қабули фармони навбатии бахшиши ҷазо баъди имзои санадҳои дахлдори афв ва бахшиши ҷазо дар муассисаҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҷмуъ нисбат ба 102 ҳазору 671 нафар татбиқ гардидааст, ки аз инҳо 58 ҳазору 233 нафар аз адои ҷазои чиноятӣ озод карда шудаанд.


АКС: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2025 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд