Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз

Март 31, 2025 18:43
31.03.2025, шаҳри Хуҷанд

Олиҷанобон,

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жапаров Садир Нургожоевич,

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Мирзиёев Шавкат Миромонович!

Меҳмонони олиқадр, ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли хушҳолӣ шуморо дар сарзамини Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ҷашнӣ хайрамақдам мегӯям.

Ҳамчунин, Шумо ва мардумони ба мо бародару ҳамҷавори Қирғизистону Узбекистон, намояндагони дигар кишварҳои ба мо дӯсту шарикони байналмилалиро, ки имрӯз ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф овардаанд, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Бо истифода аз ин фурсат, ба тамоми сокинони кишвари азизам беҳтарин орзуҳои худро ба муносибати ин ҷашни хуҷастапай бори дигар иброз менамоям.

Наврӯз ба якояки Шумо муборак бод!

*****

Басо рамзист, ки вохӯрии мо дар айёми ҷашни Наврӯзи пуршукӯҳ —  намоди бедоршавии табиат, марҳилаи нави гардиши зиндагӣ ва боварӣ ба ояндаи беҳтар сурат мегирад.

Ғояву анъанаҳои тағйирнопазири Наврӯз ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд.

Боиси фарҳамандист, ки мардумони мо ҳамеша барои ҳифзу ғанӣ гардонидани анъанаҳои неки он — бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ саъю талош карда, онҳоро то ба рӯзҳои мо расонидаанд.

Ин ҷашн дар тӯли асрҳои зиёд барои таҳкими ғояҳои олии башардӯстӣ, фазои эҳтироми муштарак ва созгорӣ хизмат менамояд.

Кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд.

Комилан возеҳ аст, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба он равона шудаанд, ки ин таҷрибаи созандаи таърихиро пурра ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда истифода барем.

Рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории зичи мурдумону давлатҳои мо дар ҳамаи соҳаҳои манфиатҳои муштарак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Маҳз барои ҳамин ҳам натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем.

Имрӯз мо санади таърихӣ — Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишварро ба имзо расонидем.

Ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар  пуштибонӣ мекунем.

Бовар дорам, ки  аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ,  ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт.

Он ҳам боиси итминон аст, ки мувофиқаҳои имрӯз ҳосилшуда, бешубҳа, омили муҳимми рушду таъмиқи  минбаъдаи муносиботи байнидавлатӣ ва ҳамкории мо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳои манфиатҳои муштарак хоҳанд шуд.

Ин ниёзмандиҳои табиии мардумони се кишвар аст ва мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем.

Рушди пайвастаи муносибатҳои кишварҳоямон ба манфиатҳои аслии мардумони мо ҷавобгӯ буда, ба таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.

Бовар дорам, ки мо дар якҷоягӣ, бо дастгирии доимии мардумонамон, дар ин ҷода ба дастовардҳои бузург ноил хоҳем гашт.

Бори дигар Шуморо, мӯҳтарам Содир Нургожоевич ва Шавкат Миромонович, инчунин, ҳамаи меҳмонони азизамонро дар Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.

Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, хушбахтиву беҳрӯзӣ ва ба кишварҳоямон сулҳу амонӣ, рушд ва пешрафт минбаъда орзу менамоям.

Дӯстӣ ва бародарии мардумонамон ҷовидону бегазанд бод!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Март 31, 2025 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд