ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 март, якшанбе, 75-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 16, 2025 08:00

16 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истанбули Туркия дар  Форуми панҷуми ҷаҳонии об суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои муосири  хизматӣ шуданд.

***

16 марти соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абузабӣ Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳёнро тамошо намуданд.

***

16 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор шуд.

***

16 марти соли 2022 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шуро баргузор гардид.

16 МАРТ:

Дар Қазоқистон – Рӯзи гвардияи ҷумҳуриявӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муҳаммад Ғоиб -соли 1954- Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

***

Давлат Қурбонов-соли 1943 – дирижёр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Март 16, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш