ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 март, сешанбе, 77-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 18, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 2010 Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ба   Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино рафта, бо омӯзгорону донишҷӯён  мулоқот намуд.

***

18 марти соли 2011 дар шаҳри Москва таҳти унвони  «20 сол бо ҳам: таҷрибаи ҳамкорӣ ва дастовардҳо» Форуми байналмилалии иқтисодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

18 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро имзо намуданд.

***

18 марти соли 2017 ба муносибати фарорасии ҷашни эҳёи табиат ва эътидоли баҳорӣ – Наврӯзи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои якчанд давлати ҳавзаи фарҳангии Наврӯз номаҳои табрикӣ ирсол намуданд.

***

18 марти соли 2020 дар «Кохи Борбад» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқот намуданд.

***

18 марти соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон доир гардид.

***

18 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун имзо гузоштанд. Кодекси манзил, қонунҳо «Дар бораи захираҳои генетикӣ», «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрук» аз ин ҷумла буданд.

***

18 марти соли 2023 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023» иқтидори сайёҳиашро муаррифӣ намуд.

18 МАРТ:

Рӯзи ҷаҳонии кори иҷтимоӣ.

***

Дар Беларус – Рӯзи қӯшунҳои дохилӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Шамсиддин Орумбеков-соли 1956- Корманди шоистаи Тоҷикистон

***

Олим Бобоев-соли 1958- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Март 18, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш