Тамошои дастҷамъонаи кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе аз толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» идома дорад

Март 13, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо,  мудирони шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин ходимони дини пойтахт толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, ба иштирокдорон аз ҷониби роҳбаладон доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу пиряхҳо маълумот пешниҳод гардид.

Маълумот дода шуд, ки дар қисмати рост ва чапи девори толор бузургтарин пиряхи ҷаҳон — Ванҷях инъикос ёфтааст, ки дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи илмҳо дар Помир ҷой гирифтааст. Ин пирях аз пайвастани қаторкӯҳи Академияи илмҳо бо силсилакӯҳи Язгулом дар мавзеи қуллаи Инқилоб (6974 м.) ташкил шудааст. Пиряхи Ванҷях на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи даракӯҳӣ ба шумор рафта, ба китоби «Рекордҳои замин» дохил шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази девори толор қисмате мушоҳида мешавад, ки марбут ба Антарктида мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008 – 2009 аввалин экспедитсияи Антарктикии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки тавассути он дар Антарктида аз ҷониби профессор Абдулҳамид Қаюмов Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд. Ин амал собитгари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахши пиряхҳо ва ҳифзи онҳо мебошад.


Бо тамошои толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҳар тамошобин бо манбаъҳои обӣ ва пиряхҳо шинос гардид.

Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии тамошои гурӯҳии толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҷонибдорӣ аз иқдоми байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар ин замина рушди сайёҳии дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Сокинону фаъолони пойтахт, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт дар доираи ин ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе метавонанд толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистонро то 14 март тамошо намоянд.


АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Март 13, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд