Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Дарвоз диёри мардуми меҳмоннавоз буда, бо доштани иқлими муносиб, манзараҳои нотакрор, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои ширину шифобахш, ҳайвоноту набототи нодираш яке аз маконҳои беҳтарини сайру саёҳат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб мегардад. Ҳамин аст, ки дар 6 моҳи соли 2025 наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро тамошо намуданд.
Дар ноҳияи Дарвоз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда, ба бунёди инфрасохторҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ин замина метавон гуфт, ки бунёди комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» ба рушди ояндаи соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ замина мегузорад.
Деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз боду ҳавои форам, чашмаҳои табобатӣ ва манзараҳои табиӣ диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад. Он яке аз мавзеъи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дар ноҳияи Дарвоз мебошад. Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чӯб сохташуда, ки асрҳо тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муаррифӣ мешавад.
Ба таъкиди таърихшиносон, аз 3 ҳазор сол пеш ин ҷониб мардуми тоҷик, бахусус сокинони кӯҳистони Бадахшон дар деҳот ҳамин гуна зиндагӣ мекарданд.
Бояд гуфт, ки дар деҳаи этнографӣ на танҳо хонаҳои қадимаи мардуми Бадахшон, балки иншооти муосир ҳам сохта шудааст, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб месозад.
Дар он ҷо 8 хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад, бунёд шудааст.
Ин иншооти нави сайёҳӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сокинони ин деҳа таъкид намуданд, ки: «вазъияти душвори замони муосир моро водор месозад, ки ба қадри тинҷию оромии Ватан бирасем, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳангу таърихи пурғановат усутуворона қадам гузорем ва саҳми худро ҳамчун фарзандони содиқи диёр дар ободии мамлакатамон гузорем».
Бояд гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» ҳавзи моҳипарварӣ, маркази баҳисобгирии зеҳни сунъӣ, комплекси сайёҳӣ, хонаи этнографӣ ва дигар иншооти замонавӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин ҷо наздики 100 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Инчунин 25 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд.
Комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор дорад, дар масоҳати беш аз 2 гектар сохта шудааст. Он тарҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалӣ дошта, дар як вақт имкон дорад ба беш аз 100 ҷаҳонгард хизмат расонад.
Барои зиндагӣ ва фароғати сайёҳон имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд сайругашт, ташхису табобат намуда, машғули бозиҳои шавқовари қадима, аз ҷумла камонварӣ шаванд.
Дар комплекси сайёҳӣ 10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизоти солимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад.
Инчунин дар комлекси сайёҳӣ бинои дуошёнаи ташхису табобат бунёд шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин аст ва дар як вақт метавонад ба 50 нафар хизмат расонад.
Дар ин мавзеи сайёҳӣ зиёда аз 40 сокини деҳаи Зев ба кор таъмин гардида, бо вусъат ёфтани иншооти сайёҳӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонида мешавад.
Бунёди иншооти нави сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина гузошт.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ноҳияи Дарвоз 162 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?






