Тоҷикистон бо ширкати «Acwa Power» дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамкориро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷалби сармояи ширкати «Acwa Power» барои бунёди неругоҳҳои бодию офтобӣ дар Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Президенти ширкати «Acwa Power» дар Осиёи Марказӣ Абид Малик қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Далер Ҷумъа доир ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2027 ноил гардидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тавассути бунёди иқтидори нави энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия сухан гуфт.
Дар ин замина таҷрибаи байналмилалии ширкати «Acwa Power» дар татбиқи лоиҳаҳои неругоҳҳои бодию офтобӣ барои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид.
Президенти ширкати «Acwa Power» дар Осиёи Марказӣ Абид Малик таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии ширкати «Acwa Power»-ро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳор намуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






