«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Дар вилояти Хатлон ҷашни Наврӯз бо анъанаҳои хос таҷлил мегардад

Март 24, 2025 09:30

 ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон фасли баҳор назар ба дигар минтақаҳои мамлакат пештар аз худ дарак медиҳад. Дашту кӯҳҳо қабои сабз ба бар намуда, дарахтон гул мекунанд. Аз ин рӯ омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар ин вилоят пеш аз оғози ҷашн дида мешавад,  чунин иброз медоранд фарҳангшиносон.

Занони ин минтақа пеш аз оғози ҷашн анъанаи хонатакониро иҷро менамоянд. Инчунин сабзонидани гандум низ яке аз анъанаҳои доимии ин минтақа аст.  Пеш аз фарорасии Наврӯз занон барои худ куртаҳои гулдӯзии чакан, инчунин аз гулбаст (докаи пахтагин бо гулҳои наққошӣ) медӯзанд. Як ҳафта пеш аз Наврӯз кӯдакон гулҳои аввалини баҳорро чида, маросими «Гулгардонӣ» доир менамоянд. Бо ин амал онҳо ба сокинон аз фарорасии Наврӯз хабар медиҳанд ва дар ивази он шириниҳо мегиранд.  Занон ба миқдори зиёд нони чапотӣ мепазанд ва ба ҳама тақсим мекунанд.

Дар тамоми минтақаҳои вилоят дар дастархони наврӯзӣ оростани хони ҳафт «син» ва ҳафт «шин» низ маъмул аст. Онҳо таомҳо ва хӯрокҳоеро, ки ҳарфи аввалашон бо «с» ва «ш» оғоз мешавад, дар  дастархони идона мегузоранд.

Анъанаи суманакпазӣ низ доир мешавад. Занон онро нисфи шаб оғоз менамоянд. Ҳар зан ё духтар бояд на камтар аз се маротиба ба омехта кардани суманак кумак кунад ва ба он санг андохта, орзу намояд. Дар ин маросим тамоми шаб занҳо мерақсанду сурудҳои махсус хонда,  соли нави аҷдодиро бо шодӣ ҷашн мегиранд. Суманак субҳ, ки тайёр шуд, ба хешу табор ва ҳамсояҳо тақсим карда мешавад.

Таоми дигаре, ки дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон бештар дар ҷашни Наврӯз омода карда мешавад, ин далда мебошад. Дар дигар манотиқи  мамлакат онро гандумкуча, кашк, гандумоб ва ғайра ном мебаранд. Ин таомро низ аз гандум ва дигар зироати лубиёгӣ- нахӯд, лӯбиё дар дегҳои калон омода мекунанд, то ба ҳама расад.

Дар ҷашни Наврӯз давоми як моҳ дар минтақаҳои вилояти Хатлон мусобиқаҳои варзишӣ доир мешаванд.  Давоми як моҳ дар ҳама ҷо чорабиниҳои идона доир мегарданд: мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ, хурӯсҷанг дар майдонҳо, пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ.

Мусобиқае, ки дар ин минтақа бештар доир мешавад, ин бузкашӣ аст. Усули бузкашӣ чунин аст: дар оғози бузкашӣ савораҳо дар ҷойи муайян ҷамъ меоянд. Баъд довар бузи сарбуридаро дар нуқтаи муайяне (одатан дар чуқурӣ) ба замин мепартояд. Ин дам анбӯҳи саворон (аз 30 то 150 ва бештар савор) ба гирифтани буз мешитобанд ва бузкашӣ сар мешавад. Дар бузкашӣ шахсе ғолиб дониста мешавад, ки бузро аз замин бардошта ва ё бузи аз замин бардоштаро аз дасти аспсаворе зӯран гирифта, онро аввалин шуда, ба марра (тақрибан 300 – 500м) бурда расонад.

Дар минтақаи водии Вахш чун дигар минтақаҳои мамлакат суманак пухта мешавад. Дар дохили дег 7 дона санг меандозанд, то таги дег начаспад. Суманакро давоми як шабонарӯз ҷӯшонида, ба ҳама медиҳанд, яъне тақсим кардани суманак аз омадани баҳори нав огоҳӣ медиҳад.

Наврӯз дар минтақаи Кӯлоб  низ ба мисли дигар  минтақаҳои Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Албатта, дар ҷашни наврӯзии ин минтақа баъзе хосияте ҳаст, ки дар дигар минтақаҳои мамлакат нестанд. Тибқи маълумот, дар минтақаи Кӯлоб дар вақти таҷлили Наврӯз анъанаи аҷибе ҳаст, ки онро мардум «Дарвешона» мегӯянд. Тибқи ин анъана, мардум бо сатили об ба кӯҳ баромада, он обро ба сарашон мерезанд ва аз он ҷо то ба манзил медаванд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 24, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд