ҲУНАР ОМӮЗ! Шаҳодат Ҳомидова то имрӯз ба зиёда аз 800 нафар сабадбофиро омӯзонидааст
			
					
										ДУШАНБЕ, 15.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шахси ҳунарманд дар зиндагӣ ҳаргиз мушкилӣ намекашад. Зеро тавассути ҳунараш ҳам ба ҷомеа хизмат расонида, барои худаш зиндагии шоистаро таъмин месозад. Аз ҳамин ҷост, ки мардум аз қадим то имрӯз ҳунарро симу зар меноманд. Яке аз чунин ҳунарҳо сабадбофӣ мебошад, ки ба он ҳам мардон ва ҳам занон шуғл меварзанд. Сабадбоф аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Шаҳодат Ҳомидова аз зумраи ҳунармандони номдору сермаҳсул аст, ки сабадҳои бофтааш талабгорони зиёд дошта, ӯ ин ҳунарро ба дигарон низ меомӯзад.
Шаҳодат Ҳомидова иброз намуд, ки «ҳунари сабадбофиро аз модарам омӯхтаам ва модарам онро аз модаркалонам ба мерос гирифтааст. Барои ман ифтихор аст, ки модари ҳунарманд доштам. Имрӯз ман низ модаркалон шудаам ва ин ҳунари аҷдодиамонро ба духтарону наберагонам омӯзонидам. То имрӯз зиёда аз 850 шогирд омода намудаам».
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки касе агар ҳунари сабадбофиро аз худ намояд, оҳиста-оҳиста шахси оромтабиат мешавад. Зеро сабадро одатан дар танҳоӣ бо истифодаи навдаҳои дарахт омода менамоянд.Навдаҳои дарахт аз худ накҳати махсус мебароранд, ки онро танҳо шахси сабадбоф ҳис мекунад.
Солҳои пеш сабадро аз навдаи дарахтҳои гуногун мебофтанд, ки онро химча низ мегӯянд. Ҳунари сабадбофӣ қариб дар ҳама ҷо ба ҳам монанд аст. Вале ҳангоми бофтани сабад ҳар ҳунарманд барои хушсифат ва бозоргир шудани маҳсулоташ маҳорати худро нишон медиҳад. Аслан сабадро аз навдаҳои борику дарози дарахти тут, бед сияҳбед, сафедор, анор, биҳӣ, олуболу, най (қамиш), ирғай ва монанди ин омода менамоянд. Имрӯз аксаран аз буттаҳои ороишӣ сабад мебофанд.
Шаҳодат Ҳомидова афзуд, ки дар аввал навдаҳоро барои осон шудани кор чанд рӯз дар соя ва ё офтобрӯя мегузорем. Агар навдаҳо хушк бошанд, онҳоро ба об тар менамоянд, то ҳангоми бофтан нашикананд. Ду тарафи нӯги навдаро ба мисли нӯги қалам метарошанд ва баъд навдаҳои хурду калонро ҷудо мекунанд. Пеш аз шуруи кор сабадбоф ҳамаи онҳоро дар шакли доира мегузорад. Баъдан як-як онҳоро гирифта, аз қисми поини сабад ба бофтан шуруъ менамояд. Ҳамин тавр қисми болои сабадро низ бо тартиби хос мебофем.
«Сабадҳои бофтаи мо вобаста ба ҳаҷмашон аз 15 сомонӣ то 300 сомонӣ арзиш доранд. Дар борсабаде, ки мо мебофем, сокинон бештар донагиҳо ва меваҳои хушкашонро нигоҳ медоранд. Хусусияти асосии сабад он аст, ки сифати маҳсулотро хуб нигоҳ дошта, намиро ба худ намегирад ва маҳсулот дар он хушк боқӣ мемонад»,-гуфт Шаҳодат Ҳомидова.
Сабадбофӣ яке аз ҳунарҳои қадимии мардумӣ аст, ки дар ҳаёти моддии мардуми тоҷик аз замонҳои бостон то имрӯз идома дорад. Сабадҳо чанд намуд мешаванд: гирдсабад, сабади дастадор, хӯрҷинсабад, симсамад, сабади дарозрӯя, нонсабад ва ғайра. Он як восита ё асбоби рӯзгор ба ҳисоб рафта, дар анборҳои хона дар он анвои хӯроквориро нигоҳ медоштанд.
Инчунин ҳунармандон дар баробари сабадҳое, ки барои рӯзгори мардум зарур ҳастанд, навъҳои гуногуни сабадҳои ороишӣ ва арғумониро аз химчаҳои нозук барои оро додани гӯшаи хона, рӯйи миз, осорхона ва утоқҳои корӣ мебофанд. Дар байни мардум таъбири гули сари сабад зиёд ба кор меравад. Яъне, сабадҳо ҳамчун зарфҳои гулгирӣ низ истифода шуда, дар онҳо зеботарин гулҳо барои намоиш ва чун армуғон ҷой дода мешаванд.
Инчунин дар баъзе ҷойҳо истилоҳи «сабадчин» ба кор бурда мешавад. Маъмулан ангурро чида, ба сабад ҷо менамоянд, ҳангоми ҷо кардан як қабат барги ток ва як қабат ангур мегузоранд, то ангур дар сабад ба муддати чанд рӯз тару тоза нигоҳ дошта шавад. Сабадчин кардани ангур нозукиҳои хоси касбӣ дорад, ки на ҳама аз уҳдаи ин кор мебароянд.
Ҳунари сабадбофӣ ҳоло низ дар байни мардуми тоҷик мавҷуд аст. Ҳоло сабадбофҳо аз маҳсулоти мухталиф сабадҳои зинатии хурду калон мебофанд. Ҳамчунин ашёи ороишӣ, ба мисли табақ, табақча, коса, офтоба ва ғайраро бофта, пешкаши мардум менамоянд.
Сабадбофӣ ҳунаре аст, ки аз насл ба насл мегузарад. Хонаводаҳое ҳастанд, ки ин ҳунари мардумиро аз падару бобоҳои худ омӯхта, онро пос дошта, ба фарзандони худ меомӯзонанд.
«Бибиам доим ба модарам таъкид менамуданд, ки ҳунари аҷдодиамонро бояд ба фарзандонамон омӯзонем. Вале модарам боре ҳам моро маҷбур накардааст, ки маҳз ҳамин ҳунарро азхуд намоем. Ман худам бо завқи кӯдакона рафта, дар паҳлуи модарам менишастам. Ин бароям як кори муқаррарӣ буд, фикр мекардам, ки бояд ҳар зан аз уҳдаи бофтани сабад барояд ё ҳунаре дошта бошад. Зеро зани ҳунарманд дар ягон давру замон хор намешавад. Инчунин фарзандони боҳунар тарбия менамояд. Агар модар меҳнаткаш ва босавод бошад, пас фарзандонаш низ чунин мешаванд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «модар барои духтар намуна аст»»,-иброз намуд ҳамсуҳбати мо Шаҳодат Ҳомидова.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








						
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик  маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара  туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро  тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид
									
									
									
									
									





