Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 26.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, довталабон ба кор ба мансабҳои холии котиби сеюми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ, атташеи раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ, котиби сеюми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ, котиби дуюми шуъбаи муассисаҳои хориҷии раёсати кадрҳо, котиби сеюми бахши иттилооти махсуси раёсати кадрҳо, котиби сеюми шуъбаи таҳлил ва пешбинии сиёсати хориҷии раёсати тадқиқоти стратегӣ, котиби сеюми шуъбаи Созмони Милали Муттаҳиди раёсати созмонҳои байналмилалӣ, котиби сеюми шуъбаи масъалаҳои умумиҳуқуқии раёсати шартномавӣ – ҳуқуқӣ, котиби сеюми шуъбаи таҳияи сафарҳо ва маросимҳои раёсати ташрифоти давлатӣ, котиби сеюми шуъбаи аккредитатсия ва кор бо корпуси дипломатии раёсати ташрифоти давлатӣ, котиби сеюми – шуъбаи иттилооти умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ, атташеи шуъбаи назорати коргузории раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ, атташеи шуъбаи иттилооти умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ, атташеи бахши бойгонӣ ва нигоҳдории асноди раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ, котиби сеюми шуъбаи маблағгузорӣ ва назорати молиявии раёсати молиявӣ, атташеи раёсати корҳо, котиби сеюми шуъбаи комиссияи миллии ЮНЕСКО ва атташеи — шуъбаи комиссияи миллии ЮНЕСКО даъват карда мешаванд.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 21 апрели соли 2025 ба вазорат равон намоянд.
Маълумоти муфассалро метавон дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуд.
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 221-15-16, 227-54-56
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






