Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: «Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки бе зарурати шадид бо роҳҳои кӯҳӣ ба сафар набароянд»
ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» (дар километрҳои 62-74) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои оянда низ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад. Бинобар ин Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои маҳаллии нигоҳдории роҳҳо супориш додааст, ки вазъиятро дар роҳҳои мошингард пайгирӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ фавран ба тоза кардани роҳҳо шуруъ намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносӣ, моҳи март дар Тоҷикистон ҳавои сард бо бориш дар шакли борон ва барф пешгӯӣ мешавад, ки ин метавонад боиси фаромадани тарма гардад. Ба иттилои ҳавошиносон, борон ба афзоиши сарборӣ дар нишебиҳои пурбарф мусоидат намуда, сабаби ҳаракати тарма мегардад.
Вобаста ба ин Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки бе зарурати шадид аз сафар дар қитъаҳои роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ чораҳои эҳтиётиро қатъиян риоя созанд. Пеш аз баромадан ба роҳ ҳатман дар бораи вазъи обу ҳаво, ҳолати роҳҳо ва хатари фаромадани тарма маълумот гирифтан зарур аст.
Ҳангоми ҳаракат дар минтақаи кӯҳӣ ё қитъаи хатарноки роҳ бояд фосилаи байни мошинҳо, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар кардаанд, қатъиян риоя карда шавад.
Ба аломатҳои огоҳкунандае, ки аз ҷониби муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар ҷойҳои эҳтимолии тармафароӣ ва фурӯпошии барф гузошта шудаанд, диққат диҳанд. Агар дар пеш аз сабаби хавфи фаромадани тарма эҳтимоли баста шудани роҳ бошад, ин огоҳиро нодида нагиред. Беҳтар аст, ки то боз шудани роҳ дар наздикии маҳалли аҳолинишин, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ё ягон ҷои дигари нисбатан гарму бароҳат мунтазир шавед.
Агар тӯдаи барф дар назди мошин ба роҳ афтад, шумо набояд кӯшиши «рахна» сохтани онро намоед. Беҳтар аст, ки таваққуф намоед ва нишебиҳои кӯҳро аз назар гузаронед. Агар заррае хатари фаромадани тармаро эҳсос кардед, бояд пас гардед ва ба ҷои амн равед. Агар барф рӯи мошин фурӯ резад ва онро пурра пӯшонад, бояд фавран муҳаррикро хомӯш намоед. Инчунин то ҷое имкон ҳаст, бояд дарро кушоед, то «ҷайби» ҳавоӣ фароҳам созед, ки ба шумо имкон медиҳад нафас кашед ва аз зери барф берун шуда тавонед. Агар барф болои мошин рехта, вале онро пурра напӯшондааст, шумо бояд мусофиронро ба ҷои амн баред. Сипас, ба хадамоти кумак занг занед ва кӯшиш кунед, ки мошинро аз «асирӣ» озод намоед.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳалатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2-3 март дар роҳҳои мошингарди «Душанбе – Чанок» 13 ҳодисаи тармафароӣ бо андозаи гуногун сабт шуд, ки боиси маҳдудияти муваққатии ҳаракат дар ин шоҳроҳи байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, 3 март, соати 15:00 дар километри 68-уми ин шоҳроҳ тарма фаромад. Дар лаҳзаи ҳодиса ду мошини мусофирбар ба самти пойтахт ҳаракат менамуданд. Наҷотдиҳандагон зуд ба ҷои ҳодиса расида, ҳафт нафарро аз зери барф берун оварданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд






