ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст

Октябрь 22, 2026 09:17

ҲИСОР, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор нақшаи тадбирҳои омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 таъсис дода шуд.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд, барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» дар 141 муассисаи таълимӣ ва 15 муассисаи томактабии шаҳр 2277 тонна ангишт, 644 метри мукааб ҳезум ва 1430 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.

Талаботи муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ барои тирамоҳу зимистон дар шаҳри Ҳисор 2290 тонна ангишт, 622,1 метри мукааб ҳезум ва 7800 литр сӯзишвории дизелӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор аз 47 буғхона 33 адад дар ҳолати корӣ қарор дошта, 145 гармкунаки барқӣ ва 2050 бухорӣ омода мебошанд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҳисоби буҷети шаҳри Ҳисор барои харидани ангишт ва ҳезуму сӯзишворӣ 2 миллиону 716 ҳазору 229 сомонӣ пешбинӣ ва пурра ҷудо гардидааст.

Дар соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор тибқи маълумот ба миқдори 32 метри мукааб ҳезум, 200 тонна ангиш ва 1600 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Инчунин 34 генератори барқдиҳанда, 200 гармкунаки барқӣ ва 165 бухорӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Дар шаҳри Ҳисор 23 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба хати озоди барқ пайваст мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2026 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад