Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст

Октябрь 22, 2026 10:10

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳавои  моҳи ноябри соли 2026 ба ҳавои моҳи ноябри соли 2024 монанд буда, ҳарорат 1-2 дараҷа баланд дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ҳаво то 13 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 9 дараҷа гарм мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо то 13 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 9 дараҷа гарм мешавад.

Дар даҳрӯзаи аввали моҳ дар водиҳо ҳаво шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад. Дар қисми боқимондаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 8+13 то 3+8 дараҷа гарм, рӯзона аз 17+22 то 10+15 даарҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 3+8 дараҷа гарм то 1 дараҷа хунук, рӯзона аз 11+16 то 6+11 дараҷа гарм мешавад.  Миқдори моҳонаи бориши борон дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шамол аз самти ғарб бо суръати 17-22 метр дар як сония дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.

Моҳи ноябр дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 даарҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 7+10 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа  гарм мешавад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Дар қисми боқимондаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 3+8 то -1+4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11+16 то 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3+2  то 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 6+11 то 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ вазиши шамол бо суръати 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 1+7 дараҷа гарм, дар ноҳияи Дарвоз то 9 дараҷа гарм мешавад.   Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона аз 3+8 то -1+4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 14+19 то 9+14 дараҷа гарм дар назар аст. Дар қисми боқимондаи моҳ пастшавии тадриҷии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона аз 6+11 то 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Миқдори моҳонаи бориши борон дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа хунук пешгӯӣ гардида, 7-13 дараҷа хунук мешавад.  Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона аз 3-8 то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 5+10  то 0+5 дараҷа гарм дар назар аст.           Дар қисми боқимондаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 15-20  то 24-29 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 то 9-14 дараҷа хунук мешавад.  Миқдори моҳонаи бориши борон дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.

 

 

Октябрь 22, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд