ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Асарҳои офаридаи Садриддин Айнӣ шаҳодатномаи миллатанд

Апрель 15, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсияте аст, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст.

Хизматҳои Устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Осори адабӣ ва илмии Садриддин Айнӣ дар куллиёти понздаҳҷилда гирд оварда шудааст.

Барои ҳар фарди бедордил мақом ва мартабаи Устод Айнӣ ва нақши беандозаи ӯ бисёр бузург мебошад. Устод Айнӣ тавонист, ки давоми фаъолият Тоҷикистон ва тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд ва дар таъсис ёфтани Тоҷикистон нақши бузург гузорад. Бешубҳа, «Намунаи адабиёти тоҷик» шаҳодатномаи халқи тоҷик мебошад, ки тавассути ин асари безавол ва ниҳоят арзишманд  тоҷикон тавонистанд ҳастӣ ва ҳувияташонро ҳифз намуда, барои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ замина фароҳам оранд. Устод Садриддин Айнӣ ба сифати фарзанди хирадманду заковатпеша, фидокору қаҳрамон бо талошу муборизаҳояш дар шароити  давраи нави таърихӣ номи тоҷиконро вирди забон ва шуҳрати ҷаҳониён гардонид. Дар замони барои тоҷикон тақдирсози садаи 20 Устод Садриддин Айнӣ бо осори гаронбаҳояшон соҳиби аслӣ ва ҳақиқии Ватан будани тоҷиконро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври барҷаста собит намудааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ 6 ноябри соли 2017 иброз доштанд, ки «корномаи беназири Устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. Дар ин хусус худи Устод дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи мамлакати кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».

Устод Айнӣ дар аввали асри ХХ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳояш аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард.

Устод Садриддин Айнӣ он солҳо беш аз дигарон дар мақолаҳои «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони тоҷикӣ» ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд. Ӯ ба муқобили иддае аз зиёиёни он рӯзҳо, ки забони тоҷикиро забони кӯҳна мепиндоштанд, баромада, ботил ва беасос будани чунин ақидаҳоро фош мекард ва таъкиду исбот менамуд, ки тоҷикон забони адабии оммафаҳми беш аз ҳазорсола доранд ва он то кунун на танҳо дар муҳити халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи форсизабонони дунё роиҷ мебошад.

Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт. Маҳз аз баракати озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи васеи хонандагон имкон пайдо намуданд, ки бо китоби басе арзишманди устод Айнӣ « Намунаи адабиёти тоҷик» шинос шаванд.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баён медорад, «симои Устод Садриддин Айнӣ намои дурахшони фазилату хирад, адабу шуҷоат, илму дониш, фарҳангу маърифат аст, мисли ин ки дар ин симо чеҳраи воқеии тоҷик бо ҳама фарзонагӣ падидор омада, ӯ дар худ ҳама хуҷастагиҳои ин халқи хирадпеша, миллати некманиш,  мардуми хайрхоҳу адабпарварро таҷассум намудааст. Шахсияти Устод Айнӣ яке аз шоҳсутунҳоест, ки бинои маънавиёт, бинои ҳастии илму фарҳанги Тоҷикистони навинро нигоҳ дошт, то тавонад алайҳи боду буҳронҳои тунди замон  пойдор бимонад. Устод Айнӣ шаъну шараф, нангу номуси тоҷикон аст. Ӯ худ шиносномаи таърихи  миллати мост, шиносномае, ки дар он бо ҳарфҳои хонову зебои заррин навишта шудааст: ТОҶИК. Ӯ на фақат бо эҷодиёт, балки бо амалиёт: рафтору гуфтору навиштор, бо ҳузури мубораки худ кӣ будани тоҷиконро дар саҳнаҳои ҷаҳону замон нишон додааст. Устод Айниро таърихи миллат барои миллат офаридааст. Ӯ маҳсули хиради ҳазорсолаи мост. Агар шахсияти фавқулода, нубӯғи ӯ ва фидокории ҳамсафонаш намебуд, гумон аст, ки дар он солҳои буҳрону тӯфонҳои шадиду хонумонсӯзи таърихӣ ва замони тақдирсоз мо ҳувияту асолати миллиамонро ҳимоя ва нигаҳдорӣ карда метавонистем».

Тавре профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ иброз доштааст, «Устод Айнӣ донишманди камназири забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги гуфторӣ ва навиштории тоҷикон буданд. Ҳар қадар бо диққат асарҳои устодро мутолиа намоем, дар пеши назар чизҳои нодире намоён мегарданд, ки барои донистани рӯзгори мардум бисёр муҳим аст. Бавижа «Ёддоштҳо»-и Устод, ки дар асоси воқеаҳо ва ҳодисаҳои дида, шунида ва мушоҳидакардаи муаллиф таълиф шуда, дар донистани фарҳанги мардуми асри 19 ва аввали асар 20 беҳамто мебошад. Ҳар лаҳзаеро, ки устод Айнӣ тасвир намудааст, дар асоси он метавон роҷеъ ба воқеаҳои гуногуни он замон ба андеша рафт».

«Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ донишномае аст, ки дар он расму оин, адабиёт, таърих, саргузашти одамони гуногун, рӯзгори шахсиятҳои маъруф, муҳити адабӣ, таълим дар мадрасаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, шароити зиндагии деҳоту шаҳр, афсонагӯӣ, латифагӯӣ, оинҳо ва ҷашнҳои мардумӣ ва ғайраву ва ҳоказо хеле сода, самимӣ ва барои хонанда хотирмон тасвир шудаанд. Муҳим он аст, ки ҳамаи навиштаҳои устод дар «Ёддоштҳо» сарчашмаи воқеӣ дошта, метавон онҳоро ҳамчун санади муҳими мардумнигорӣ, фолклорӣ, ҷомеашиносӣ ва амсоли ин мавриди истифода қарор дод.

Воқеан, Устод Айнӣ аз шахсиятҳои миллатсоз буда,  дар бунёду эҳё ва таҳкими забони модарӣ ва суннатҳои миллии тоҷикӣ нақши мондагор дорад.

Бояд гуфт, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат, ки ба хотири истиқлолу озодии Ватан хизмати фидокорона намудаанд, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии мо табдил ёфтааст.

Зиндагӣ ва корномаҳои Устод Айнӣ нишони он аст, ки ҳастии як миллатро на фақат силоҳу зӯри бозу ва марзҳои мустаҳкаму сарбозонаш нигаҳ медоранд, балки хирад, фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланд низ метавонад дар баробари силоҳ нигаҳдор ва пуштбони ҳувияти як халқ бошад.

Таҳияи Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 15, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфаҳои нодир тақдим карда шуданд
Дар шаҳри Ганҷа консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид
ОСОРХОНАИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ. Сайре ба қадамҷои бузургони миллат
Дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир мешавад
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» бо намоиши «Куруши Кабир» оғоз мегардад
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик ҷамъбаст гардид
Дар шаҳри Душанбе оид ба рушди китобҳои бачагона ҳамоиш доир гардид
10 АПРЕЛ-РӮЗИ РАДИОИ ТОҶИК. Радиои «Тоҷикистон» ҳамқадами замона фаъолият менамояд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Бозгашт» ифтитоҳ гардид
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор мегардад
Бахшида ба Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти астрофизика конференсия доир шуд