Аъҷубасозӣ як бахши ҳунари кулолӣ ва сохтани бозичаҳо аз гилу сафол мебошад

Апрель 1, 2025 08:43

ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аъҷуба як навъ лӯхтаки гилӣ аст, ки шакли ғайриодию ҳайратангез дорад. Услуби аҷубасозӣ як бахши ҳунари кулолӣ аст, ки ба сохтани  бозичаҳои гилӣ ва сафолӣ марбут мебошад. Кулолон аз гил аъҷубаҳои гуногунро ба сурати аждаҳо, махлуқоти тахайюлии тарсангез, пайкарчаҳои ҷонварон ва ҳуштак месозанд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аъҷубасози истаравшанӣ, аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Эргашбой Ғафуров иброз намуд, «аъҷубасозӣ яке аз ҳунарҳои мардумӣ буда, имрӯз барои сохтанаш аз гили бӯта ва чиниворӣ васеъ истифода мебаранд.

Дар Истаравшан аз давраҳои пеш аз гили бӯта ҳуштакҳоро ба шаклҳои булбул, мусича, барра ва ғайраҳо месохтанд. Аъҷубаҳо қолаби муайян надоранд ва ба тариқи дастӣ сохта мешуданд. Устоҳои аъҷубасоз шаклу намуди аъҷубаҳоро аз афсонаҳои халқӣ ва тахайюлоти хеш пайдо намуда, онро бо дастони худ аз гили махсуси бо лойи гили бӯта омодашуда месозанд».

Дар шаҳри Истаравшан охири солҳои ҳафтодум усто Ғафури аъҷубасоз («ҳуштаксоз») бо маҳсули меҳнати худ дар ҷаҳон машҳур гашта буд. Ҳатто нависандаи украинӣ Виталий Коротич дар ин хусус бо унвони «Чумчаи урфӣ» («Перпендикулярная лошка») китоб навишта буд.

Баъди вафоти усто писараш Гадойбой Ғафуров ин ҳунарро ба писараш Эргашбой ва наберагонаш Шералӣ, Шерзод ва Шероз омӯзонид, ки онҳо ин касбро бо шогирдонашон то имрӯз идома медиҳанд.

Эргашбой Ғафуров иброз намуд, ки «ҳангоми хурдсолиам дар назди бобоям менишастаму бо шавқ корашонро тамошо мекардам. Аз мушоҳидаҳоям дар дилам ишқи ин ҳунар ҷой гирифту ҳамроҳи бобоям аз гил ҳар гуна чизҳоро месохтагӣ шудам. Пеш аз сохтани аъҷуба бо маслиҳати бобоям онҳоро дар рӯи варақ тасвир мекардаму ба бобоям нишон медодам. Он кас хатогиҳоямро ислоҳ карда, пасон барои сохтан ба ман иҷозат медоданд. Ва ҳамин тавр ҳамроҳи бобоям аъҷубаҳо месохтам, ки баъдан худам мустақилона ин корро ёд гирифтам».

Хоки гили бӯта бештар аз деҳаҳои дурдасти Истаравшан дастрас гардида, онро хуб майда намуда, аз элак низ мегузарониданд. Сохтани аъҷубаҳо асосан ба мардуми Истаравшан, Исфара ва Қаротоғ хос аст. Гили бӯтаро аввал ба тариқи дастӣ омехта карда, баъд бо пойҳои худ лойро ба дараҷаи зарурӣ омода месозанд. Пас аз он ба рӯйи лой каме об пошида, болояшро бо латтаи тар мепӯшонад, то ки тез хушк нашавад. Усто дастонашро ба об тар карда, аз лойи омодашуда миқдори заруриро гирифта, дар шакли аъҷубаҳои гуногун-қаҳрамонҳои афсонавӣ, симурғи баландпарвоз, шери жаён ва даҳҳо намунаи бозичаҳои бачагона, ки дар ҳолати пуфкунӣ садои ҳуштак медиҳанд, меофарад.

Баъди 80-100 адад офаридани аъҷубаҳои афсонавӣ онҳоро аввал каме ба офтобрӯя, пас аз он ба ҷойи шамолрави соярӯ гузошта, хушк мекунанд. Баъди хушк шудани аъҷубаҳо ва ҳуштакҳо онҳоро ба шаклҳои паранда: гунҷишк, мусича, саъба, булбул, кафтар ва ғайра медароранд ва аъҷубаҳоро бо рангҳои сиёҳу сафед, кабуду сурх, қирмизӣ, зард ва ғайра оро медиҳанд. Пас онҳоро дар хумдонҳои махсус бо тартиб чида, даҳони хумдонро бо хишту лой сахт карда, аз таги он ба муддати шаш-ҳафт соат оташ мемонанд. Аз болои хумдон дудбаро ҳам месозанд, то ки дуд баромада, ранги аъҷубаро дигар накунад. Пас аз як шабонарӯз аъҷубаҳоро аз хумдон гирифта, барои рангу бор омода месозанд.

Ҳамсуҳбати мо илова намуд, ки вақте аъҷубаҳоро аз хумдон мегиранд, онҳоро аз чангу ғубор тоза намуда, пас бо рангҳои ҳархела оро медиҳанд ва баъзеи онҳоро бо сири кулолӣ (глазур) ҷилодор менамоянд, то зебо, пурҷило ва пур аз нақшу нигор гарданд. Бо ҳамин усул (технология) устоҳои аъҷубасоз ҳар моҳ 3-4 маротиба лой тайёр карда, аъҷубаҳоро сохта, дар хумдон мепазанду пасон ба фурӯш мебароранд.

Аъҷубаҳои сохтаи усто Эргашбой Ғафуров диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Усто борҳо дар фестивал-озмунҳо, намоишҳои эҷодии ҳунармандон, фестивал-намоишҳои байналмилалии ҳунармандон дар ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла дар Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо иштирок намудаааст. Ӯ маҳсули эҷодашро ба ҷаҳониён пешкаш намуда, соҳиби Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардидааст.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2025 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид