Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе идома дорад
ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 10 апрел дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар доираи он имрӯз дар IT Park-и шаҳри Душанбе Форуми ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо иштироки зиёда аз 230 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иброз гардид, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» бошукуҳ баргузор карда мешавад.
Форуми ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар доираи ин ҳафта доир шуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Форум ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки донишу малакаҳои худро дар риштаҳои гуногуни технология ва инноватсия муаррифӣ намоянд.
Дар доираи форум иштирокчиён лоиҳаҳои худро аз рӯи номинатсияҳои «Барномасозӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Робототехника», «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва «Бозори электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» муаррифӣ намуданд.
Аз ҷониби ҳайати ҳакамон лоиҳаҳо баҳогузорӣ ва ғолибон муайян карда шуданд. Ғолибон дар маросими тантанавии ҷамъбасти «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» қадрдонӣ гардида, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд карда мешаванд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас ва ҷавон шароит фароҳам оварда, неруи онҳоро барои пешрафти соҳаҳои илм, технология ва тиҷорати рақамӣ қавитар мегардонад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, татбиқи техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон амалӣ мегардад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






