Ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Апрель 17, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел дар шаҳри Ал-Кувайт муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар Нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Исматулло Насредин иброз намуд, ки дар асоси ташаббуси охирин ва қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Дар Тоҷикистон 29-31 май нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.

Дар ин робита  муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои арабии Халиҷро барои иштироки фаъол дар ин конфронси байналмилалии сатҳи баланд даъват намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

 

Апрель 17, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид