Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар самти рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва рушди бозиҳои миллӣ имрӯз зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбари Дафтари ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия дар Душанбе (ТИКА) Ибраҳим Этнем Унал баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба рушду густариши муносибатҳо бо ташкилоте, ки фаъолияти онҳо ба рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш равона карда шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои бунёди толори нави гӯштингирӣ барои донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ва танзими либоси ягонаи варзишӣ барои варзишгарони ҷавон, баргузории чорабиниҳои дуҷонибаи муштараки сатҳи байналмилалӣ, табодули таҷрибаи варзишгарони ду давлат ва муҷаҳҳазгардонии маркази рушди инноватсионии ҷавонони назди Кумита бо техникаю таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар зимн ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории пурсамари мутақобили судманд иброз намуданд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда боз ҳам бештар тавсеа меёбад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






