Ҷавонони далери ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истаравшан ба хизмати Ватан гусел карда шуданд

Апрель 3, 2025 08:53

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истаравшан маросими гусели ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни ҷамъомад дар ноҳияи Шаҳристон иброз гардид, ки ҷавонони хештаншиноси ноҳия бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзанда мегузоранд.

«Имрӯз ҳар сокини ноҳияи Шаҳристон бо чунин ҷавонони бонангу номуси диёр, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ифтихор менамояд»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.

Зимни ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои таҳкими иқтидори мудофиавии ҷумҳурӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани обрӯ ва эътибори Артиши миллӣ ва таҳкими тавоноии мудофиавии мамлакат ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки дар ин самт масъулиятшинос бошанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар майдони «Нишони давлатӣ» — и шаҳри Истаравшан маросими гусели ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Иброз шуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат дар ҷузъу томҳои артиши миллӣ шароити зарурӣ барои буду бош, истироҳат ва машқу тамрини сарбозону афсарон муҳайё буда, он рӯз то рӯз беҳтар мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти диёр масъулият ва қарзи ҷавонмардии худро хуб дарк намуда, ба таври ихтиёрӣ ба ҳифзи марзу буми Ватани азизамон раҳсипор мегарданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки волидайни ин ҷавонон фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, дар ҳифзи истиқлолият ва сулҳу субот саҳм мегузоранд.

2 апрел гурӯҳи аввалини ҷавонони даъватии ноҳияи Айнӣ низ ботантана ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуселонида шуданд.

Ба ин муносибат дар майдони назди «Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъминоти моддиву техникӣ, қудрати ҳарбӣ ва низоми ҳайати шахсӣ аз солҳои қаблӣ афзалият дорад. Ҷавонони ноҳияи Айнӣ низ дар таъмини сулҳу субот ва амнияти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд, дар сафи Артиши миллӣ сарбаландона хизмат намуда, мактаби мардонагию шуҷоатро меомӯзанд.

Дар ин шаҳру ноҳияҳо маросими нонгазон, ки яке аз суннатҳои неки мардуми тоҷик аст, баргузор гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 3, 2025 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад