Ҷавонони шаҳри Роғун сарбаландона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд

Апрель 3, 2025 12:00

РОҒУН, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун Рӯзи даъватшаванда доир гардид, ки дар он масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд. Зимни ҳамоиш ҷавононро бо дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабар доданд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ ба ҷавононе, ки бо амри дил ба адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан азм намудаанд, миннатдорӣ баён гардида, аз тарафи Раиси шаҳри Роғун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард мебошад. Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарон пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад ва барои онҳо беҳтарин шароити хизматбариро муҳайё намудааст. Ин аст, ки ҷавонони шаҳри Роғун ташаббуси волои ватандӯстию меҳанпарастӣ нишон дода, имрӯзҳо ба таври ихтиёрӣ ва сарбаландона барои ҳимояи Ватан-Модар ба хизмати ҳарбӣ мераванд.

Волидайни даъватшудагон иброз доштанд, ки «мо имрӯз дар назди Ватан масъулият ҳис намуда, ҷавонписаронамонро барои ҳифзи марзу буми давлат ба сафи Артиши миллӣ равона намудем. Чунки бо саъю талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии моддию маишӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба барои баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд».

Дар ҳамоиш ба зиёда аз 20 нафар ҷавононе, ки даври омӯзиши ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун барномаи рангини консертиро пешкаши ҳозирин гардониданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Апрель 3, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд