Ба 60 нафар даъватшаванда дар ноҳияи Мастчоҳ шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Артиши миллии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлат яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар шаҳрванд ба шумор меравад. Ин матлабро Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар ҷамъомади бошукуҳи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 апрел дар назди Қасри фарҳанги шаҳраки Бӯстон баргузор шуд, баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия ба падару модароне, ки фарзандонашонро ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд, изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки дастгирӣ ва тарбияи дурусти волидон дар ташаккули руҳияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти калон дорад.
Иброз шуд, ки хизмати ҳарбӣ на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки мактаби ҷасорат, ирода ва мардонагӣ буда, дар тарбияи ҷавонон нақши муассир мебозад.
Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ ҷамоатҳои шаҳраки Обшорон ва Суғдиён нақшаи даъватро иҷро намуданд. Ин гувоҳи омодагии баланди ҷавонони ноҳия ба хизмати ҳарбӣ мебошад.
Ба беш аз 60 даъватшаванда, ки давоми беш аз ду моҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар ноҳияи Мастчоҳ машғулияти ронандагӣ омӯхтаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Чун анъана маросими нонгазон баргузор шуда, модарон ба фарзандонашон барои хизмати содиқона ва сарбаландона дуои хайр доданд.
Санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини ҳунарӣ манзур намуда, бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона руҳияи иштирокдоронро болида намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






