Ба 60 нафар даъватшаванда дар ноҳияи Мастчоҳ шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд

Апрель 4, 2025 15:17

ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Артиши миллии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлат яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар шаҳрванд ба шумор меравад. Ин матлабро Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар  ҷамъомади  бошукуҳи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 апрел дар назди Қасри фарҳанги шаҳраки Бӯстон баргузор шуд, баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Мастчоҳ хабар медиҳад.

Дар ҷамъомад раиси ноҳия ба падару модароне, ки фарзандонашонро ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд, изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки дастгирӣ ва тарбияи дурусти волидон дар ташаккули руҳияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти калон дорад.

Иброз шуд, ки хизмати ҳарбӣ на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки мактаби ҷасорат, ирода ва мардонагӣ буда, дар тарбияи ҷавонон нақши муассир мебозад.

Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ ҷамоатҳои шаҳраки Обшорон ва Суғдиён нақшаи даъватро иҷро намуданд. Ин гувоҳи омодагии баланди ҷавонони ноҳия ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

Ба беш аз 60 даъватшаванда, ки давоми беш аз ду моҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар ноҳияи Мастчоҳ машғулияти ронандагӣ омӯхтаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Чун анъана маросими нонгазон баргузор шуда, модарон ба фарзандонашон барои хизмати содиқона ва сарбаландона дуои хайр доданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини ҳунарӣ манзур намуда, бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона руҳияи иштирокдоронро болида намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Апрель 4, 2025 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид