Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар Осорхонаи миллӣ намоиш ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода даҳаи дуюми моҳи майи соли 2025 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Бо ин мақсад як гурӯҳ кормандони Осорхонаи миллӣ барои ҷамъоварии нусхаҳои аксу ҳуҷҷатҳои нодири таърихие, ки инъикосгари ҳаёту фаъолияти илмию адабии шоир мебошанд, ба ноҳияи Рашт сафар намуданд. Онҳо дар Осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Рашт бо намунаи ашъор ва зиндагиномаи шоир шинос шуданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода 15 майи соли 1910 дар Сорбоғ, ки яке аз деҳаҳои зеботарини Рашт мебошад, таваллуд шудааст. Дар давраи кӯдакӣ бо амри такдир падари ӯ вафот менамояд. Баъди марги падар Боқӣ муддате дар хонаи амакҳояш — Миразизу Мирзораҳим умр ба сар бурда, бо ёрии онҳо дар мактаби кӯҳнаи деҳаашон cавод мегирад. Боқӣ Раҳимзода, ки худ табиатан бачаи зирак буд, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ асосҳои саводи мактаби кӯҳнаро азхуд намуд. Вай аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомӯхт. Баъди ташкили мактабҳои шӯроӣ ӯ аз ҷумлаи нахустин шогирдони болаёқати ин мактаб буд.
Боқӣ Раҳимзода аввал Техникуми педагогии шаҳри Самарқанд (1931), баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд (1938) ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо (1941) бо баҳои аъло хатм намуд. Шавқи шеър барвақт дар қалби ӯ ҷой гирифта буд, аввалин шеърҳояш солҳои 30-юм дар саҳифаи рӯзнома ва маҷаллахо чоп шуданд. Аз соли 1948 мушовири ҷавонони эҷодкори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дар ин ҷабҳа корҳои шоёне ба сомон расонидааст. Шеърҳои аввалинаш аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Боқӣ Раҳимзода дар баробари шоири ҳақиқӣ инсони бузург ва тарбиятгари шоирони ҷавон низ буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ вазифаи мушовири Иттифоки нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Боқӣ Раҳимзода 30 январи соли 1980 аз олам даргузашт.
Эҷодиёти шоир бою рангин буда, шеърҳои аввалинаш охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Соли 1945 маҷмуаи аввалинаш бо номи «Ба фронт» чоп шуд. Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982—1983) ва «Шеъру достонҳо» (1983) ба табъ расидаанд. Драмаҳои «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ, 1953), «Дар сояи шипанг» (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Рабиев, 1954), «Гаҳвораи тилло» (ҳамроҳи Саидсултон Саидмуродов, 1956) ва «Сияҳсувор» (1974)-аш дар театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Муаллифи либреттои «Духтаре аз Душанбе» (ҳамроҳи Шамсӣ Қиём) мебошад, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузоштааст. Китоби «Саргузаштҳои Соқӣ» (1973) аз маҳорати баланди ҳаҷвнигории ӯ дарак медиҳад.
Боқӣ Раҳимзода дар байни мардум ҳамчун шоири суҳбаторо ва маҳфилоро эҳтироми хосса дошт. Осораш лабрези идеяҳои олии ватандӯстию интернатсионалӣ, дӯстию равобити халқҳо, андешаҳои волои гуманистӣ буда, ашъори абёти гуногунаш ҳамеша вирди забони хурду калон буд. Ашъори ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмуаҳои «Мои песни» (1951), «Родник» (1957), «Зелёный лист» (Москва, 1963), «Путь солнечного луча» (1964), «Чудо» (1971), «С Крыши Мира» (Москва, 1973) ва ғ. чоп шудаанд. Осори алоҳидаи адибони рус ва дигар халқҳои шуравиро ба тоҷикӣ гардонидааст. Борҳо вакили халқ дар парлумон интихоб шудааст. Бо бисёр нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода даҳаи дуюми моҳи майи соли 2025 тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 «Оид ба баргузории ҷашну солгард, фестивалҳо, намоишҳо, идҳо ва озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» таҷлил мегардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид






