Ба кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи барқ тағйиру иловаҳо ворид шуд

Апрель 25, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси тағйиру иловаҳои нав дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуда, барои он ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 365нишондиҳанда (27 ҳазору 375 сомонӣ) то 547 нишондиҳанда (41 ҳазору 025 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол таъйин карда мешавад.

Ҳамчунин агар ҷавобгарӣ ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 800 нишондиҳанда (60 ҳазор сомонӣ) то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (90 ҳазор сомонӣ) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.

Агар ҷавобгарӣ ба миқдори махсусан калон ва аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошад – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо дода мешаванд.

Ҳамчунин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шуд.

Дар асоси он барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани асбобҳои андозагирӣ, инчунин дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят чунин муқаррарот ворид шуд.

Яъне ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 нишондиҳанда (1 ҳазору 500 сомонӣ) то 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ) то 50 нишондиҳанда (3 ҳазору 750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 200 нишондиҳанда (15 ҳазор сомонӣ ) то 300 нишондиҳанда(22 ҳазору 500 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Апрель 25, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ