Ба соҳибкори муваффақи тоҷик аз ҷониби Президенти Қазоқистон Медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаи фахрӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев дар иҷлосияи навбатии XXXIV Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон ба муассис ва Раиси Шурои директорони «Ғаюр Гурӯҳ»-и Тоҷикистон, соҳибкори муваффақи тоҷик, ҳамзамон Сафири дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон- Акбар Асадулло барои саҳми муносиб дар таҳкими дӯстӣ, ваҳдати байналмилалӣ ва ҳамбастагии халқҳои ду кишвар Медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаи фахрӣ супорид. Мукофотҳо дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Акбар Асадулло дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Анҷумани халқҳои Қазоқистон дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд.
Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон ниҳоди ягонаи назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад, ки соли 1995 таъсис ёфтааст.
Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон на танҳо ниҳоди давлатӣ, балки мақоми конститутсионии тасдиқшудае мебошад, ки дар таъмини субот, сулҳи байни миллатҳо ва рушди демократия дар Қазоқистон нақши муҳим дорад. Хусусияти хоси ассамблея он аст, ки ягона ташкилот дар Қазоқистон буда, онро шахсан Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон сарварӣ ва аҳамияти хосса ва нақши онро дар сиёсати давлатӣ таъкид менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз










Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






