Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — таҷассумгари тамаддуни миллати тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд.
Конференсия ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои тарихию фарҳангӣ бахшида шуда, дар он олимону донишмандони соҳаи таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва ҳаводорони таъриху фарҳанг доир ба мавзуъҳои таърихи мамлакат ва ҳифзи он мубодилаи афкор менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО ҳамасола 18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ дониста мешавад.
Ҳадафи он ҷалби ҷомеаи ҷаҳон ба ҳифзи мероси умумибашарӣ, тарғиби мероси фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии сокинон, аҳамият, дараҷаи осебпазирӣ ва манфиатҳои ҳифзи ин ҷашн мебошад. Зеро ҳар халқу миллати ҷаҳон дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои бузурги меъморӣ ва фарҳангю таърихии хеш дар тамаддуни умумибашарӣ саҳм гузоштааст.
АКС аз бойгонӣ








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






