Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд

Апрель 18, 2025 09:23

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел, соати 13:00 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе  барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросим озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ бо мукофоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Бахшида ба Рӯзи пойтахт инчунин аз 17 то 19 апрел дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, ҳамоишу ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ  баргузор гардида, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои гуногун дар васфи пойтахт насб карда мешаванд.

Ҳамзамон 19 апрел дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғати пойтахт шомҳои фарҳангии идона ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ доир мегарданд.

Ҳамчунин 19 апрел Ниммарафони анъанавии байналмилалӣ доир мегардад, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд. Марафон ба масофаи 21 км 97,5 метр аз роҳи назди «Наврӯзгоҳ» оғоз гардида, дар майдони «Дӯстӣ» ба охир мерасад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ташкили мусобиқа ва чорабиниҳо аз Фонди рушди пойтахт зиёда аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо намудаанд.

Бояд таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.

Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари мавҷуда то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.

Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аъзои  Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ), Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, бо шаҳрҳоии Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Русия ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар  мамлакат  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол ин рӯз ба 19 апрел рост меояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 18, 2025 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд
Барои иштирокчиёни Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид
Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт муваққатан қатъ мегардад
Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии дунё табдил ёфтааст