Байни коллеҷҳои Душанбе ва Алмато шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 9, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар Қазоқистон байни Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ва Коллеҷи техникӣ-инноватсионии шаҳри Алмаато шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Имзои ин санад заминаи муҳими рушди ҳамкории дуҷонибаро дар самти табодули донишҷӯён ва устодон, такмили ихтисос, мубодилаи таҷриба, барномаҳои дудипломдор, таъсиси факултетҳои муштарак, ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ фароҳам меорад.

Инчунин он ба таҳкими ҳамкории судманди академӣ ва рушди соҳаи миёнаи касбӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамояд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд